Иди истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Истаравшан

 

Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша чорабиниҳо аз ҷониби МИҲД-и шаҳри Истаравшан таҳия гардида, бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода, Раиси суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳбари гурӯҳи кории дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ашӯрзода Абдулҳафиз Абду ва муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода якқатор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, назди Литсейи касбӣ-техникии №14-и шаҳр намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ бо сарфи наздики 70.000 сомони сохта шудааст, ифтитоҳ гардид, ки дар он ду ҷойи корӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин намоишгоҳ маҳсули дасти донишҷӯёни литсейи мазкур ба маърази тамошобинон гузошта шуда, аксари онҳо таҷассумгари ҳунарҳои миллии аҷдодӣ ба ҳисоб мераванд, ки ҳазорҳо сол пеш дар Истаравшан тавлид ёфта аз авлод ба авлод мегузарад. Бо буридани лентаи рамзии ин намоишгоҳ Раиси суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ашӯрзода Абдулҳафиз  фаъолияти ин даргоҳро ҳусни оғоз бахшид

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*