ИДИ КАСБӢ МУБОРАК, КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА!

14 март раиси шаҳри Истаравшан ба мақомоти прокуратураи шаҳри Истаравшан ташриф оварда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳайати кормандони мақомоти прокуратураи шаҳри Истаравшанро ба муносибаи иди касбӣ табрик намуд.

Таъкид дошт, ки мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ки фаъолияти он ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Ҳанӯз аз оғози даврони истиқлолият кормандони прокуратура бо хизмати содиқонаи худ намунаи олии хизмат ба Ватанро нишон дода, дар шароити муқовимати шадиди мусаллаҳона дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифаи муқаддаси хешро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ сарбаландона иҷро намуда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки волоияти қонун асоси онро ташкил медиҳад, саҳми арзанда гузоштанд”.
Воқеан, имрӯз низ дар самтҳои зикршуда нақши мақомоти прокуратура дар шаҳри Истаравшан низ назаррас буда, ҳамкориву саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Олии кишвар бо ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр густариш ёфта истодааст – таъкид дошт Адҳам Маъмурзода.
Бо истифода аз фурсати муносиб мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба муносибати иди касбӣ, ки бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай тавъам омадааст, ҳамаи кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳурирро шодбош гуфта, бароятон тансиҳатӣ ва ба фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳои нав таманно дорем.
Идатон муборак!
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
     

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*