ИДОМАИ МУМФАРШКУНИИ РОҲҲО ДАР ДЕҲАИ ҚАЛЪАЧАИ БАКАВУЛИ ДЕҲОТИ ҶАВКАНДАК

9 сентябри соли ҷорӣ дар деҳаи Қалъачаи бакавули деҳоти Ҷавкандак бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ба идомаи корҳои мумфаршкунӣ оғоз бахшида шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо дастгирии сокинони деҳа ва соҳибкорони маҳаллӣ дар арафаи ташрифи Пешвои муаззами миллат ба шаҳри Истаравшан моҳи августи соли ҷорӣ 1,7км роҳҳои ин деҳа мумфарш гардида, имруз барои мумфарш кардани боз 1,2 км роҳи деҳа иқдоми навбатӣ гирифта шуд.

Зимни суҳбат раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода сокинони деҳаи мазкурро бо ҷашни бузурги миллӣ 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, барои корҳои ободониву созандагӣ арзи миннатдорӣ баён намуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*