ИСТАРАВШАН: ГУСЕЛИ ТАНТАНАВИИ НАВАСКАРОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2 апрели соли 2022 дар майдони “Нишони давлатӣ” – и шаҳри Истаравшан маросими сафарбаркунии наваскарони ихтиёрӣ баргузор гардид, ки дар маросим Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, муовини якуми раиси шаҳр, намояндагони сохторҳои қудратӣ, наваскарони ихтиёрӣ ва волидайни онҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, собиқадорон, фаъолон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр ширкат варзиданд.

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода нахуст навдаъватшудагони ихтиёриро ба муносибати дохил шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, зикр намуд, ки имрузҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароитҳои хизмати ҳарбӣ руз то руз хубтару беҳтар гардида, барои сарбозон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки имруз дар шароити сулҳу субот ва оромиву осмони мусаффои кишварамон ҷавонон бо пайрави ба падарону бобоёни шўҳратёри худ, бо амри дил ва ҳисси ватандўстона ихтиёран барои ба сафҳои Артиши Миллӣ сафарбар гардидан омода мебошанд, ки барои ин иқдом ба ҳар яки Шумо родмардони Ватан аҳсан мехонам. Илова бар ин имрўз дар ин ҷо барои гусел падарону модарони даъватшудагон низ ҳузур доранд, ки ба онҳо барои тарбияи чунин фарзандони нексиришт изҳори миннатдорӣ баён менамоям. Ба наваскароне, ки имруз бо хоҳиши худ ба сафи мактаби мардонагӣ Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида истодаанд, дар адои ин рисолати пуршараф ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар ҳифзи Ватани азиз барору комёбиҳо орзумандам. Бори дигар ба ҳар яки Шумо роҳи сафед ва номи неку сари баландро таманно дорам, ҷавонони азизу гиромӣ! – афзуд раиси шаҳри Истаравшан
Дар идома роҳбарият ва сокинони ҷамоатҳои деҳоти Сабристон, Ниҷонӣ ва кумитаи маҳаллаи “Дилкушо”, ки дар нахустин рӯз нақшаи даъвати ҳарбиро пеш аз муҳлат сарбаландона иҷро намуданд, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ бо сипоснома ва тӯҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.
Сипас даъватшаванда Олимов Неъмат Додоҷонович ғолиби мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, тарбиятгирандаи Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и шаҳр ҳамсафони хешро барои пайвастан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, қайд намуд, ки имруз ман низ бо хоҳиши худ барои адо намудани қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан – модар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳсипор гардида истодаам. Ба давлати худ содиқона хизмат намудан ва ҳифзи марзу буми кишвари азизамон вазифаи ҷонии ҳар яки мо ҷавонон мебошад. Ман ҳамчун ҷавони ватандӯст ваъда медиҳам, ки ҳар як порчаи Ватани хешро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, мардонавор лоиқи номи сарбоз мегардам. Аз тамоми ҳамсафони хеш ҷавонони ба нангу номуси диёр ва сарбаланди шаҳри Истаравшани бостонӣ даъват ба амал меоварам, ки бетараф набошанд ва бо амри дилу виҷдон ихтиёран ба хизмати Ватан – модар раҳсипор гардида, содиқонаву софдилона хизмат намоянд. Хизмат ба Ватан – модар шараф ва ифтихори бузург аст!
Ҳамзамон дар ин рӯзи фараҳбахш модари яке аз наваскарон Носирова Қаноат ва раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Қаюмов Абдуваҳҳоб дар ҷамъомади мазкур ҷавонони шуҷои ватанро барои сафарбар гардидан ба Артиши миллӣ муборакбод гуфта, наваскарони ихтиёриро баҳри сарбаландона адо намудани хизмати ҳарбӣ ва сиҳату саломат баргаштани онҳо ба назди падару модар ва наздикони худ дуои нек намуданд.
Дар фарҷом чун анъана маросими нонгазонии модарон ба ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардидаистода баргузор гардида, баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ пешкаш гардид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

         

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*