ИСТАРАВШАН: ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ БО ШУКӮҲУ ШАҲОМАТИ ХОСА ТАҶЛИЛ ГАРДИД

21 марти соли 2022 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бо иштироки васеи сокинону меҳмонон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз тантанаи бошукӯҳи идона ва барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии идона раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода, раиси ноҳияи Янгиобод Қаршибоев Иброҳим, намояндагони ноҳияи Ховоси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, зиёиён, кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр ва сокинони сарбаланди Истаравшани бостонӣ ширкат варзиданд.

Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода суханронӣ намуда, фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба кулли сокинони сарбаланди бостоншаҳр шодбош гуфт ва аз нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси мақоми байналмилалӣ пайдо намудани ҷашни фархундаи Наврӯз ёдовар гардид.

Зикр карда шуд, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёгони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамуданд ва омадани баҳору эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд. Имрӯз дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумла дар шаҳри Истаравшани бостон низ ин ҷашни бузурги аҷдодӣ бо риояи тамоми анъанаву суннатҳои қадимиаш таҷлил гардида истодааст.

Боиси ифтихормандист, ки Наврўз ҳамчун иди ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид этироф гардида, аз соли 2010 дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Мо бояд фаромўш насозем ва шукрона кунем, ки воқеан барои оммавӣ шудани Наврўзи бостонӣ ва ҷаҳонӣ шудани он хизмати шоистаю босазои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Ин моро ба он ҳидоят мекунад, ки ба гузаштаи дуру наздики худ бори дигар назар андозем ва баҳри пешрафти рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дучанд меҳнат намуда, ба қадри арзишҳои маънавии миллат ва неъматҳои бузурги даврони истиқлолият бирасем. – иброз дошт раиси шаҳри Истаравшан.

Сипас намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода паёми шодбошии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба самъи ҳозирин расонида, сокинони шарафманди шаҳри Истаравшани бостонро ба ин ҷашни фархунда шодбош гуфтанд ва ба ҳамагон рӯзгори ободу осуда, хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу намуданд.

Дар идома тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ оғоз гардида, аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи зебои идона ва рангини ҳунарӣ ки ба ситоиши Наврӯз, баҳор ва зебоию шукуфоии табиат бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардидонида шуд, ки ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.

Дар баробари барномаи фарҳангии театрикунонидашуда бори нахуст бо назардошти эҳёи анъанаҳои таърихӣ корвони наврӯзӣ ташкил карда шуда, тавассути он ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда, кишоварзӣ, таъомҳои милливу либосҳои тоҷикона ва расму оини маҳаллии сокинони шаҳри Истаравшан инъикос карда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*