Истифодабарии мактаби нав

 

Дар доираи идомаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни ҳумоюни Ватан – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  амали солҳои 2019-2021-ум ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба истиқболи соли нави хониш дар деҳаи Ҷавкандаки ҷамоати деҳоти Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан бинои нави  мактаб, иборат аз даҳ синфхона мавриди истифода қарор дода шуд.

Тибқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни мукаррами 30 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва дар доираи амали солҳои 2019-2021-ум ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ то моҳи сентябри соли 2021-ум дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд зиёда аз 500 адад иншооти сатҳи мухталифи дар нақша-чорабинии ҷашнии аз чониби МИҲД таҳиягардида  сохтаву азнавсозии куллӣ мегардад. Ин бунёдкориҳо дар радифи бо кори доими фаро гирифтани наздики ду ҳазор нафар сокинони бешуғл ҳамзамон ба боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолии  шаҳру деҳот мусоидат хоҳад намуд. Зикри бамаврид аст, ки бо пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат дар нақша чорабинии мазкур номгуи зиёдеро бунёду навсозии муассисаҳои таҳсилоти миёна, ташкили синфхонаҳои иловагӣ ва таҷҳизонидани мактабҳо бо воситаҳои муосири таълиму тарбия фаро гирифтааст. Ҷиҳати амалисозии ин мақсад ва дар остонаи истиқболи Соли нави хониши 2019-2020-ум дар деҳаи Ҷавкандаки ҷамоати деҳоти Ҷавкандаки шаҳри Истаравашан бинои нави таълиму тарбия мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот аз даҳ синфхона, ҳуҷраи омузгорон, китобхона ва дигар инфрасохторҳо иборат буда наздики як миллион сомонӣ арзиш дорад. Дар деҳаи сернуфуси Ҷавкандак мавҷуд будани ягона муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47, нарасидани ҷои нишаст дар синфҳо, то ба се баст идома ёфтани дарсҳо ва  дар фасли боронгарию сармо бо азоб аз масофаи се чор километр то мактаб омада рафтани хонандагони синни хурди мактабӣ бародарони соҳибкор Юсуфовҳоро водор сохтанд, ки ба бунёди бинои нави дорои даҳ синфхонаи муосир камар банданд. Бародарон, ки худ дар оилаи омузгор тавлид ёфтаву ифтихору меҳри ин касб дар шарёнашон ҷорист, аз ҳисоби  маблағҳои  бо нияти адои маносики Ҳаҷ ҷамъоварда ва дигар пасандозҳо иншоотро давоми чор сол тибқи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ҳамаи синфхонаҳо, китобхона, хонаи омузгорон ва роҳрав бо шиору овезаҳо, айёниятҳои муосир, тахтаи синф ва мизу курсиҳои зебо ҷиҳозонида шуда, ҷиҳати дарсомузии 320 нафар хонанда дар ду баст шароитҳо фароҳам аст.  Ҳангоми  ифтитоҳи даҳ синфхонаи иловагии таълимӣ дар деҳаи Ҷавкандак  иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода, зиёиён, омузгорони собиқадору ҷавонони соҳибистеъдоди аксар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳот ва муҳассилини хушбахт ширкат намуданд,  Дар ин ҳамоиш А.Қурбонзода таъкид намуд, ки иқдоми шоистаи бародарони соҳибкор идомаи сиёсати маорифпарваронаи фарзонафарзанди миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, дар рушди минбаъдаи соҳаи маорифи кишвари шукуфонамон дар давраи ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо саҳми бориз  ҳамроҳ хоҳад кард.

 Зикри бамаврид аст, ки ҷиҳати дастгирии сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат имруз дар шаҳри Истаравшан бо маблағгузориҳои Ҳукумати ҶТ сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 37 барои 480 ҷои нишаст ва №46 барои 240 нафар хонанда ощоз гардида, бо ҷалби сармояи ҳамкорони рушд дар деҳаи Суфиорифи ҷамоати деҳоти Зарҳалол бунёди бинои нави таълимӣ барои 264 ҷои нишаст идомаи ибратбахш дорад. Гузашта аз ин дар назди 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ҷиҳати дар соли нави хониши 2019-2020-ум ба таълиму тадриси мақсаднок фаро гирифтани хонандагон 53 синфхонаи иловагӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*