Истаравшан- шаҳри ҳунармандон

Истаравшани бостонӣ таърихи наздик ба 3000-сола дошта, байни шаҳрҳои Осиёи Марказӣ бо мардуми меҳнатдўсту ҳунарпешааш шуҳрату мақоми намоёнро сазовор гаштааст.

Истаравшан аз қадимулайём макони эҳёи санъати ороишӣ-амалӣ маҳсуб меёбад. Дар шаҳр ҳунарҳои зебои мардумӣ ривољу равнақ ёфта, диққати тољиронро ба худ љалб мекард. Дар ин бостон шаҳр зиёда аз 100 навъи касбу ҳунарҳои миллӣ ривоҷ ёфта, ҳунармандон бо ҳунари хеш маъруфу шуҳратёр гашта буданд. Ҳунарҳои мардумии кулолгарӣ, оҳангарӣ, кашидадўзӣ, читгарӣ, шонатарошӣ, гаҷкорӣ, заргарӣ, кордсозӣ, чармгарӣ, кандакорӣ, наққошӣ, зардўзӣ, карнайсозӣ, мисгарӣ, ҳалвопазӣ ва ѓайраҳо аз ҷумлаи онҳост. Дар ин диёр ҳунармандони зиёд кўшиш менамоянд, ки ҳунари хешро аз насл ба насл мерос гузошта, онро зинданигоҳ доранд. Замонҳои пешгузар ва маҳаллаҳои Истаравшан бо номи касбу ҳунар номгузорӣ мешуданд. Масалан, гузари чармгарон, кордсозон, собунгарон, мехчагарон, қассобон, читгарон, растаи охангарон, кулолгарон ва ѓайраҳо. Қисме аз ин гузарҳо то ҳол бо ин номҳо ёдрас мешавад. Инчунин бо мақсади рушду эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ мактабҳои махсуси «Усто ва шогирд» вуҷуд дошта, дар он ҷавонону наврасон ҳунарҳои зебои ниёгонро меомўзанд.

Ҳунармандони маъруфи Истаравшан – устоҳои кандаккор Раҳимшайх Раҷабов, Очил Фаёзов, Охунҷон Ёкубов, Сироҷиддин Нуриддинов, Юлдошбек Баротбеков, Алӣ Яҳёев ва читгар Мирамин Саидов,устохои мисгар Сабур Шафиев ва Мирзо Мансуров, усто Рауфи наққош, кулолгари аҷубасоз Ѓафур Холиќов ва дигарон намояндагони маҳури ҳунарҳои мардумӣ мебошанд. Боиси ифтихор аст, ки бо шарофати Истиқлолияти кишвар ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ рў ба тараққӣ ниҳода, мардум нисбат ба ҳунарҳои мардумӣ бо назари тоза таваҷҷуҳ намуданд.

 

 

 

 

                                                                 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*