ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР ДЕҲОТИ “ҶАВКАНДАК”

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР ДЕҲОТИ “ҶАВКАНДАК”

3сентябри соли ҷорӣ дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни бошукӯҳи миллӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти “Ҷавкандак” бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иншооти мазкур бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ, раиси ҷамоати деҳоти Ҷавкандак Аюбов Мардон ва фаъолони деҳа бо харҷи 100 ҳазор сомонӣ дар масоҳати умумии 450 метри мураббаъ бунёд карда шуда, барои машқу тамрини 3200 нафар пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон бахшида ба ҷашни таърихӣ дар деҳаи мазкур “Иди деҳа” баргузор гардида, маҳсули дасти кадбонуҳои моҳир, деҳқонон ва ҳунармандон аз қабили таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулотҳои кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуд, ки аз ҷониби меҳмонон хуш пазируфта шуд.
Дар мулоқот бо сокинон раиси шаҳри Истаравшан ҳозиринро бо фарорасии ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳамагон тансиҳативу хонаободӣ, сарбаландиву некномӣ ва рӯзгори ободу осударо таманно намуд. Дар фарҷом фаъолону собиқадорон бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*