ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ БА МУНОСИБАТИ “РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ЗАРҲАЛОЛ”

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ БА МУНОСИБАТИ “РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ЗАРҲАЛОЛ”
Субҳи 22 майи соли равон дар ҷамоати деҳоти “Зарҳалол” – и шаҳри Истаравшан бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Конститутсионии ҶТ муҳтарам Ашурзода Абдулҳафиз, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва теъдоди зиёди сокинон, махсусан наврасону ҷавонон толори барҳавои варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, толори варзишӣ бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Юлдошев Насим дар арафаи “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд гардида, мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои муқарраргардидаи соҳаи варзиш мебошад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ҷавонону наврасони ҷамоати деҳоти “Зарҳалол” имкон пайдо намуданд, ки бо варзиш машғул шуда, дар як вақт мусобиқаҳои сатҳи гуногуни варзиширо доир намоянд. Айни замон 100 нафар ҳаводорони варзиш аз намуди бокс бо роҳбарии мураббии варзида Ҳакимов Нозим дар толори варзишии мазкур машқу тамринро оғоз намуданд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*