ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР ДЕҲОТИ “ЧОРБОҒ”

Дар пайравӣ ба иқдомҳои ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои шоистаи рушди варзиш миёни насли наврас дар шаҳру деҳоти Истаравшан амалӣ гардида, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, дар доираи сафари кории раиси шаҳри Истаравшан ба деҳоти “Чорбоғ” санаи 2 феврали соли 2022 бо иштироки фаъолон, сокинон, варзишгарони варзида ва ҷавонону наврасони деҳоти мазкур толори варзишии гӯштини миллии камарбандӣ ба номи “Мирсаид Паҳлавон” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти варзишӣ барои машқу тамрини варзишгарони намуди гӯштини миллии камарбандӣ пешбинӣ гардида, дар тобеъияти МДМВ 2 ба номи Абдухолиқ Қодиров қарор дорад. Толори нави варзишӣ аз ҷониби соҳибкорон ва варзишгарони маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳамчун макони нерўмандию солимӣ маҳз ба хотири ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва парвариши насли ҷавону навраси ҷомеа равона гардидааст.
Зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани иншооти варзишӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зикр намуд, ки дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлату миллат ин соҳаи варзиш ба ҳисоб меравад ва вобаста ба ин иншооти варзишии мазкур барои машқу тамрин, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии наврасону ҷавонон пешбинӣ гардида, тақвиятбахшандаи ғамхориҳо ба насли ояндасози Ватан мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароиту имконияти фароҳамгардида дар самти тарбияи ҷисмонӣ бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро пеша намоянд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки варзиши намуди гӯштини миллии камарбандӣ яке аз маъмултарин риштаи варзиш дар шаҳри Истаравшани бостонӣ буда, аз деҳоти “Чорбоғ” даҳҳо чемпионҳои “Ҷаҳон” ва “Осиё” ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ба воя расидаанд.
Дар фарҷом раиси шаҳри Истаравшан бо чанде аз варзишгарони варзидаи деҳоти болозикр сӯҳбати самимӣ ороста, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷумла, либосҳои варзишӣ тақдим намуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*