Ичлосияи якӯм дар Истаравшан

12 марти соли 2020 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан (даъвати VI) баргузор гардид. дар кори иҷлосия 38  вакилони интихобгардида, намояндаи МИҲД-и вилоят Суғд Саидамин Исоматдинов, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, сарварони як қатор муассисаҳои таълимӣ ва шахсони таклифшуда иштирок доштанд. Вакил аз ҳавзаи интихоботии «Ниҷони -2», №31, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр А. Қурбонзода кори иҷлосияро оғоз бахшид.

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби котибот дар ҳайати 3 нафар вакил рӯзномаи иҷлосияро тасдиқ ва ба баррасии он шурӯъ намуданд.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома «Дар бораи тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум» раиси комиссияи шаҳрии интихобот Ӯ. Абулхайров ахборот дод. Ваколати 38 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан, даъвати шашум, ки 1 марти соли 2020 интихоб шуданд, тасдиқ ва оид ба масъалаи мазкур қарор қабул гардид. вакилони интихобшуда савганди вакилӣ ёд намуданд. Дар ҳавзаи интихоботии «О. Лутфӣ» №4 ва «Сабристон» №33 интихоботи  такрорӣ баргузор мегардад.

Ба аъзои комиссисияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр барои фаъолияти пурсамарашон аз номи иштирокчиёнги иҷлосия миннатдорӣ изҳор карда шуд.

 

Вакилони халқ оид ба тасдиқи дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  Истаравшан (даъвати шашум) овоз доданд.

Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар бораи ташкил намудани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, интихоби ҳайати онҳо ва тасдиқи низомномаи комиссияҳои доимӣ масъала муҳокима намуд ва бо қарори иҷлосия комиссияҳои зерин:

– оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, масоили оила ва занон, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, сохтмон, саноат, нақлиёт, алоқа, хоҷагии роҳ, ҳифзи табиат ва хоҷагии рифоҳӣ комиссияҳои корӣ иборат аз панҷ нафарӣ ташкил ва тасдиқ карда шуд.

Ҳамчунин низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси ваклони халқи шаҳри Истаравшан (даъвати шашум) тасдиқ карда шуд.

Вакилони халқ қарорҳои раиси шаҳр аз 6.02.2020 №58 «Дар бораи ба мансаби муовини раиси шаҳр таъин намудани Олимҷонзода Толиб Ҳомид» ва қарори раиси шаҳр аз 29.02.2020 №126 «Дар бораи ба мансаби мудири бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри таъин намудани Сангинов Шариф Боюсуфович»-ро тасдиқ намуданд.

Инчунин қарорҳои раиси шаҳр аз январи 2020 то марти соли 2020 оид ба ҷудо намудани маблағҳо барои чорабиниҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ташкилӣ фаъолияти ташкилотҳои буҷавӣ, ёрии моддӣ қабул шудаанд, тасдиқ карданд.

Дар Иҷлосия дар бораи ташкил намудани комиссияи ҳисоб барои ташкил ва гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ оид ба пешбарии номзад ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавзаи интихоботии Суғд №2 масъала муҳокима гардид ва иборат аз панҷ нафар вакилон аз ҳавзаҳои    интихоботии №5,   №7,   №9,    №16,    №39,  интихоб гардиданд. Вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии № 13 ва №8 ,  ба сухан баромада мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Истаравшан Фирӯза Мӯъминоваро ба аъзогии Маҷлиси милии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ намуданд.

Ҳамин тавр дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби 38 вакин номзад 37 овозро соҳиб гашт, ки он 97фоизро ташкил медиҳад.

Раиси комиссияи ҳисобӣ К. Мирзоев дар бораи натиҷаҳои овоздиҳии пинҳонӣ оид ба пешниҳоди номзад ба узви Маҷлиси миллии  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор дод. Дар бораи пешбарии номзад ба узвияти ММ МО ҶТ қарор қабул карда шуд. Ахбори раиси комиссияи ҳисобӣ оид ба пешниҳод намудани номзадии Фирӯза Мӯъминова ба узвияти ММ МОЛ ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2 тасдиқ карда шуд.

Мутобиқи моддаи 32 қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи МО ҶТ» иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр даъвати шашум қарор қабул намуд.

Дар қарори мазкур омадааст аз комиссияи ҳавзавии интихоботии Суғд №2 оид ба интихоботи аъзои МО ҶТ пурсида шавад, ки номзадии Фирӯза Мӯъминоваро ба қайд гирад.

Номзад ба аъзогии ММ МО ҶТ Фирӯза Мӯъминова ба сухан баромада ба вакилони халқи шаҳр барои боварӣ ва пешниҳодашон миннатдорӣ изҳор намуд. Дар иҷлосия масъалаи рӯйхати вакилони халқи шаҳр даъвати шашум ба ҷаласаи якҷояи ҳамаи мақомотҳои намояндагии вилоят оид ба интихоботи аъзои ММ МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботи Суғд №2 муҳокима гардид.

Рӯйхати вакилони интихобкунандаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум барои овоздиҳӣ ба ҷаласаи якҷояи ҳамаи мақомотҳои намояндагони шаҳр оид ба интихоботи узви ММ МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2 тасдиқ карда шуд. Дар охир қарорҳои раиси шаҳр аз ҷониби вакилон тасдиқ карда шуданд.

Дар  иҷлосия намояндаи  МИҲД-и вилояти Суғд С. Исомитдинов  ба сухан баромад. Иҷлосияро А. Қурбонзода  ҷамъбаст намуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*