ИҶЛОСИЯИ НУҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД

Субҳи 30 декабри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан, даъвати шашум ба кори худ шуруъ намуд.

Дар кори иҷлосияи навбатӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири бахши кишоварзии вилояти Суғд Саидимомхӯҷа Акбаров, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, шахсони ба масъалаҳои иҷлосия дахлдор ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат варзиданд.
Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби котибот, ҳайати таҳрирӣ ва тартиби кори иҷлосия раиси маҷлис Адҳам Маъмурзода вакил аз ҳавзаи интихоботии “Ниҷонӣ-2” №31 ба кори иҷлосия оғоз бахшид. Дар рўзномаи иҷлосия илова ба панҷ масъалаи воридшуда инчунин бо пешниҳодҳои раиси шаҳр аз 28 декабри соли 2021, №1056, 28 декабри соли 2021, №1057, 28 декабри соли 2021, №1060 ва дар асоси барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 15 ноябри соли 2021, №668 – 9/16 тф, дар асоси дастури Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2021, №523 – 10/18, панҷ масъалаи дигар ворид карда шуд. Бо назардошти иловаҳо масъалаҳои зерин дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷумла, ҳисоботи раиси шаҳр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2021; тасдиқи буҷети шаҳр барои соли 2022 ва ҳисобот оид ба иҷрои буҷети шаҳр дар соли 2020; ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет; ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ аз ҳавзаи интихоботии «Нофароҷ», №39 Ҳакимзода Фирўз; дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 12 марти соли 2020, №4 “Дар бораи қабули Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан, даъвати шашум”; дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети шаҳри Истаравшан барои соли 2021; дар бораи тасдиқ намудани номгӯи 73 иншооте, ки иловатан ба нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд; дар бораи тасдиқи нақшаи муфассали таҳрезӣ вобаста ба масъалаҳои сохтмон; тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр.
Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳр фаъолияти худро амалӣ намуд. Аз рўи масъалаи якуми рўзнома: Ҳисоботи раиси шаҳри Истаравшан оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2021 шунида шуд. Ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Ҷомӣ” №12 Саидахмедов Мираҳмад Миразимович, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Пошкент” №16 Мирзоев Комилҷон Шарифович вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Зарнисор” №28 Аббосзода Далерҷон Аббос баромад намуданд.
Аз рўи масъалаи дуюми рўзнома: Оид ба тасдиқи буҷети шаҳр барои соли 2022 ҳисоботи сардори раёсати молияи шаҳр Мансурӣ Шӯҳрат оид ба иҷрои буҷети шаҳр дар соли 2020 шунида шуд.
Аз рўи масъалаи сеюми рўзнома: Ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Қалъачаи Калон” №19 Ҳасанов Ҷамшед Салоҳиддинович шунида шуд.
Аз рўи масъалаи чаҳоруми рўзнома: Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ аз ҳавзаи интихоботии «Нофароҷ», №39 Ҳакимзода Фирўз шунида шуд.
Аз рўи масъалаи панҷуми рўзнома: Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 12 марти соли 2020, №4 “Дар бораи қабули Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан, даъвати шашум”баррасӣ гардид.
Аз рўи масъалаи шашуми рўзнома Дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети шаҳри Истаравшан барои соли 2021 бо мақсади таъмини иҷрои сифатнокӣ нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳри Истаравшан дар соли 2021 тағйирот вобаста ба пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр тасдиқ карда шуд.
Аз рўи масъалаи ҳафтуми рўзнома як қатор нақшаҳои муфассали тарҳрезишуда, оид ба бунёди иншоотҳои баландошёна дар ҳудуди шаҳри Истаравшан тасдиқ карда шуд.
Аз рўи масъалаи навбатии рўзнома дар бораи тасдиқ намудани номгӯи 73 иншооте, ки иловатан ба нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд тасдиқ гардид.
Аз рўи масъалаи охирини рӯзнома: вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Истаравшанро дар робита ба соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд. Инчунин ҳамаи масъалаҳое, ки дар рӯзномаи иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр гузошта шуда буд, баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз рӯи масъалаҳои дар рўзномаи иҷлосия мавриди баррасӣ қарордодашуда қарорҳои дахлдорро қабул намуданд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири бахши кишоварзии вилояти Суғд Саидимомхуҷа Акбаров таклифу пешниҳодҳои худро иброз намуд, оид ба дастовардҳо ва камбудиҳои соҳаи мухталифи шаҳр изҳори назар намуда, масъулинро муваззаф намуд, ки ҷавобан ба дастгирӣ ва ғамғориҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф карда, тамоми кӯшишу ғайрат, дониш ва маҳоратро баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати таълим равона намуда барои дар руҳияи меҳанпарастӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ, ободкорию созандагӣ, арҷгузоштан ба арзишҳои миллӣ, нақшгузорӣ дар таҳкими пояҳои истиқлолият тарбия намудани насли наврас ҳамаи чораҳои амалӣ андешида шавад.
Дар фарҷоми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Адҳам Маъмурзода қайд намуд, ки сокинони шаҳри Истаравшани бостонӣ ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тамоми чораҳоро роҳандозӣ намуда, баҳри ободонии кишвари азизи худ саҳмгузор хоҳем шуд.
Бо ҳамин иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан, даъвати шашум кори худро анҷом дод.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

            

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*