КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР РУШДИ САНОАТ” БАХШИДА БА СОЛҲОИ 2022-2026 “СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ”

15 марти соли 2022 дар муассисаи таълимии “Коллеҷи ҳунарҳои мардумии Истаравшан” конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши ҳунарҳои мардумӣ дар рушди саноат” баргузор гардид.

Конференсияи мазкур дар ҳамоҳангӣ бо муассисаи давлатии “Ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” ташкил карда шуда, дар он маърузаҳои илмию назариявӣ аз ҷониби олимону коршиносон ва муҳаққиқону ҳунармандон пешниҳод гардид.
Қабл аз оғози конференсия иштирокчиён бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Коллеҷ омӯзиши онҳо ба роҳ монда шудааст, шинос гардиданд.
Дар қисми ифтитоҳии конференсия раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ширкат ва суханронӣ карда, таъкид намуд, ки мақсад аз баргузории ҳамоиши мазкур ин расман оғоз бахшидан ба тадбирҳои марбут ба “Солҳои рушди саноат” маҳсуб меёбад.
Роҷеъ ба мавзуи матраҳшаванда қайд карда шуд, ки агар ба таърих назар афканем ҳунарҳои бофандагӣ, заргарӣ, косибӣ, дуредгарӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ заминаи асосии рушди соҳаи саноат гардида, минбаъд ба самтҳои асосии саноати сабук табдил ёфтааст.
Дар ин асно иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи эълон гардидани “Солҳои рушди саноат” саривақтӣ арзёбӣ гардида, ҳадаф аз он фароҳам овардани имконият барои рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тавассути он боз ҳам беҳтар кардани зиндагии шоистаи аҳолӣ мебошад.
Хотиррасон карда шуд, ки алҳол дар ҳудуди шаҳри Истаравшан 50 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ фаъолият дошта, дар соли 2021 дар ҳаҷми 577,9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд ва тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар панҷ соли минбаъда бунёди 60 корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар назар аст.
Дар идомаи кори конференсия маърузаҳои Насриддин Хоҷаев – директори муассисаи таълимии “Коллеҷи ҳунарҳои мардумии Истаравшан”, дотсенти кафедраи фанҳои тахассусӣ ва умумимаърифатӣ, Дилором Адҳамова – ҳунарманд, аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муним Ҳасанов -номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор ва Манон Махсумов – ҳунарманд, аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба паҳлуҳои мухталифи пайвастии ҳунармандӣ бо соҳаи саноат шунида шуд.
Инчунин, матни маърузаҳо ва дигар мақолаҳои пешниҳодшуда дар шакли маҷмуа ба табъ расонида шуда, дастраси иштирокчиён гардид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

          

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*