Конференсияи ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар Истаравшан

17 декабри соли 2019 дар толори хурди МИҲД-и шаҳр конференсияи ғайринавбатии 42 кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист баргузор гардид.

Конференсия таҳти раёсати котиби аввали кумитаи шахрии ҳизб М. Олимов гузашт. Дар конференсия муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимвонзода ширкат варзид.

Муовини раиси шаҳр Нигора Наимвонзода дар баромади худ қайд намуд, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар қатори дигар ҳизбҳои дар кишварамон фаъолиятдошта дар рушди Тоҷикистон саҳм гузошта дар корҳои ободонӣ ва созандагии он кўшиш ба харв медиҳанд.

Коммунистони шаҳри Истаравшан дар амалишавии сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳисса гузошта ғояҳои давлату ҳукумати Тоҷикистонро вонибдорӣ менамоянд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*