КОНФРЕНСИЯИ ҲХДТ ДАР ИСТАРАВШАН.

22.10.2019 Конференсияи XXI ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан барпо гардид, ки дар кори он иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода,
аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Рухсора Давлатзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Cуғд ва вакилони конференсия иштирок доштанд.
Дар конференсия 6 масъала;
1. Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан аз моҳи июни соли 2017 то моҳи октябри соли 2019.
2. Ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан аз моҳи июни соли 2017 то моҳи октябри соли 2019
3. Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан.
4. Интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан
5. Интихоби сармуҳарири нашрияи «Афкори халқ»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан
6. Интихоби вакилон ба Конференсияи XIII ҳисоботӣ – интихоботии ҲХДТ дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз рӯи масъалаи якум раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзоев Комил Шарифович доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар давраи аз моҳи июни соли 2017 то моҳи октябри соли 2019 маърӯза кард. Аз рӯи ин масъала вакили конференсия аз ташкилоти ибтидоии Коллеҷи тиббӣ Илҳом Раҷабов, вакил аз ташкилоти ибтидоии назди раёсати маориф Рухшона Муқумова, вакил аз ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказӣ Хуршед Ҷумаъев, вакил аз ташкилоти ибтидоии назди ҷамоати деҳоти Зарҳалол Рухсора Умарова, аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Рухсора Давлатзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода иштирок намуданд.
Баромадкунандагон фаъолияти кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшанро дар давраи аз моҳи июни соли 2017 то моҳи октябри соли 2019 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Аз рӯи масъалаи дуюм иштирокчиён ҳисоботи раиси комиссияи тафтишотиро дар давраи ҳисоботӣ шуниданд.
Аз рӯи масъалаи сеюм ва чаҳорум вакилон ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшанро дар шумораи 39 нафар ва ҳайати нави комиссияи тафтишотиро дар ҳайати 3 нафар интихоб намуданд.
Аз рӯи масъалаи панҷум вакилон сармуҳаррири нашрияи «Афкори халқ»-ро интихоб карданд.
Инчунин ба Конференсияи XIII ҳисоботӣ-интихоботии ҲХДТ дар вилояти Суғдро вакилон интихоб гаштанд.
Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахллдор қабул карда шуд.
Дар охири кори Конференсия ба якчанд нафар ҷавонон, ки ба тозагӣ ба сафи ҲХДТ дохил гаштанд, шаҳодатномаи ҳизбиро бо тантана аз тарафи раёсати Конференсия супорида шуд. Инчунин, якчанд нафар ҳизбиёни фаъол бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

 

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*