Корхои тарғиботӣ-ташвиқотӣ зидди COVID-19

9 август аз ҷониби гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – намояндагони шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр ва шӯъбаи саноат, иқтисод ва савдо дар ҳамбастагӣ бо намояндагони МНДСЭ ва ВКД, ҳамчунин гурӯҳҳои корие, ки дар ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд, ҷихати пешгирии бемории сирояти коронавирус ва чораҳои безарагардонӣ, корхои тарғиботӣ-ташвиқотӣ бурда шуданд. Гурӯҳи корӣ аз ошхонаҳои “Фаровон” ва “Райҳон”, мағозаи “Фирдавсӣ”, марказҳои тиҷоратӣ ва мағозаву дӯконҳои бозор дидан намуда оиди риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ бурданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*