Кушодашавии иншооти ҷашнӣ дар ҷ.д. Қалъачаи калон

Иншооти ҷашнӣ дар ҷ.д. Қалъачаи калон

Ҷиҳати бо дастовезҳои муносиб истиқбол гирифтани ҷашни мукарраму фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Точикистон соҳибкорони маҳаллию сокинони  эҳсонкори деҳаи Сандағундаки ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон як катор иншооти чашниро мавриди истифода карор доданд.  Аҳолии бунёдкор таҳти сарварӣ ва маблағгузории соҳибкорони ҳимматбаланд Муҳиддин Раҳимҷонов, Акбар Ҳусейнов, Фарҳод Иномзода ва Иброҳим Ҳакимов дар маркази деҳаи Сандағундак Кошонаи ҳусн, маркази фароғатию истироҳатӣ ва маҷмааи Кохи ёдгорӣ барои шаҳидони   барқароркунандаи сохти конститутсионӣ ва ҳимоятгарони Истиқлолияти давлатии ҶТ–ро ба маблағи наздик 300  ҳазор сомонӣ бунёду мавриди истифода қарор доданд.

Дар расми кушодашавии иншоотҳо дар деҳаи Сандаҳундак раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода иштирок намуда, аҳли ҳузурдоштагонро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуд.

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*