Лавҳагузорӣ дар деҳаи Тӯтк

Ба истиқболи 75-солагии ғалаба дар ҶБВ дар деҳаи Тӯтки Ҷамоати деҳоти “Пошкент” маросими лавҳагузорӣ дар манзили иштирокчии ҶБВ Хӯҷаев Саидамин бо иштироки намояндагони МИҲД-и шаҳри Истаравшан ва сокинони деҳа баргузор шуд.
Дар чойхонаи деҳа ҷамъомад бо иштироки намояндагони МИҲД-и шаҳр,
– раиси шӯрои собиқадорони ҷанг Қаюмов А., раиси шӯрои куҳансолон Гадойбоев Ш., сармуҳаррири рӯзномаи “Паёми Истаравшан” Ӯктами Нуруллоҳ, раиси комитети ҷамъиятии деҳаи Тӯтк Додобоев Амин, омӯзгорон ва бошандагони деҳаи Тӯтк доир шуд.

Ҷамъомадро омӯзгор Аҳроров Салоҳиддин (ҷонишини директори МТМУ # 46) ифтитоҳ бахшида суханро барои қироати тарҷумаи ҳоли Хӯҷаев Саидамин, ба омӯзгор
Эшматов Собирҷон вогузор намуд.

Баъдан раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Қаюмов Абдуваҳоб ба сухан баромада оиди вазниниҳо, харобиҳое, ки ҶБВ ба сари мардуми мо овард, воқеаҳои мудҳиши ҷанги солҳои 1941-1945, хизмати бузурги иштирокчиёри ҷанг ва онҳое, ки дар ақибгоҳ заҳмат кашиданд ва дар бораи 4 нафар иштирокчиёни ҶБВ, ки ҳоло дар Истаравшан умр ба сар мебаранд ва қаҳрамонии онҳо суханҳои нек нуфт.
Дар хотима собиқадорони ақибгоҳи ҷанг аз деҳаи мазкур Тешаев Мирраҷаб ва Баротов Зафар низ суханҳои нек гуфта баҳри тинҷиву осоиштагии диёрамон дасти дуо бардоштанд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*