Лавҳагузорӣ дар манзили иштирокчии ҶБВ

Дар ҷамоати деҳоти «Чорбоғ», манзили иштирокчии ҶБВ Ҷалол Шарипов маросими лавҳагузорӣ бо иштироки собиқадорони меҳнат, толибилмони муассисаҳои таълимӣ ва пайвандон баргузор шуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷамоати деҳоти «Чорбоғ» Ғайбулло Азимов ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, тарҷумаи ҳоли Ҷалол Шариповро қироат намуд. Баъдан муовини раиси шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Ҳабибулло Нарзуллоев, раиси шӯрои куҳансолони ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр Шарифҷон Гадойбоев, сармуҳаррири рӯзномаи ҲҲДТ дар шаҳри Истаравшан Муаззама Абдуваҳҳобова, котиби Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар шаҳр Барно Ашрапова, дӯсти наздики Ҷалол Шарипов Асрорқулов ва фарзанди калонӣ Обидҷон Ҷалолов ба сухан баромада оиди ин шахси барӯманди диёр суханҳои нек гуфтанд.

Қайд шуд, ки Ҷалол Шарипов 2 январи соли 1922 дар деҳаи Чорбоғ ба дунё омада, соли 1941 ихтиёран ба майдони ҷанг меравад. Дар полки 52-юми дивизияи тирандози фронти Украина, дар озод кардани шаҳру деҳоти вилояти Ростов, давлатҳои Европаи Шарқӣ фаъолона иштирок кардааст. Барои хизматҳояш бо якчанд ордену медалҳо қадрдонӣ шудааст.

*****-****-****-****-****-*****-****-****-****-****-*****-****-****-

Баъдан, раиси ташкилоти ибтидоии шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷамоати деҳоти «Чорбоғ» Ғайбулло Азимов, котиби раиси шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Мавлуда Умарова, раиси шӯрои куҳансолони ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр Шарифҷон Гадойбоев, сармуҳаррири рӯзномаи ҲҲДТ дар шаҳри Истаравшан Муаззама Абдуваҳҳобова, котиби Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар шаҳр Барно Ашрапова, собиқадори меҳнат Ортуқбой Икромов ва шоир Султонмурод Ҳоҷибоев ба манзили истиқоматии собиқадори меҳнат, собиқ раиси ҷамоати деҳоти «Пошкент» Инобат Ӯлмасова ташриф оварда, аз ҳолу зиндагӣ хабар гирифтанд.

Инобат Ӯлмасова дар навбати худ барои ғамхорӣ ба раиси шаҳр ва фаъолон миннатдории хуро баён намуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*