Лавҳагузорӣ дар манзили иштирокчии ҶБВ

Дар деҳаи “Қалъачаи калон” дар хонадони иштирокчии ҶБВ Мӯсо Ҳусейнов маросими лавҳагузорӣ бо иштироки фаъолони МИҲД-и шаҳр, омӯзгорон ва хонандагони
муассисаҳои таълимӣ доир шуд.
Сараввал омӯзгори собиқадор Тошпӯлод Ҳаитов ба сухан баромада тарҷумаи ҳоли Мӯсо Ҳусейновро қироат намуд.
Баъдан раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Абдуваҳҳоб Қаюмов, мушовири раиси ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Ортуқбой Икромов, котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳр Мӯсоҷон Олимов ба сухан баромада оиди фаъолияти меҳнатӣ ва хизматҳои дар ҷанг нишон додагиашон нақл намуданд.
Гуфта шуд, ки Мӯсо Ҳусейнов соли 1906 дар деҳаи “Қалъачаи калон” ба дунё омада соли 1943-юм ба фронт сафарбар шудааст. Дар фронти Украина ҳамчун артиллерист хизмат намуда бо чандин ордену медал сарфароз гардонида шудааст.
Дар охир аз ҷониби толибилмон барномаи ҷолиби фарҳангӣ, иборат аз шеъру суруд, баҳри ҳозирин пешкаш гардид.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*