Лавҳагузорӣ дар манзили иштирокчии ҶБВ

Дар манзили истиқоматии иштирокчии ҶБВ воқеъ дар деҳаи “Ругунд”-и ҷамоати деҳоти “Сабристон” маросими лавҳагузорӣ бо иштироки намояндагони МИҲД-и шаҳр, омӯзгорону хонандагони Муассисаҳои таълимӣ ва пайвандони ин марди накӯном баргузор шуд.
Баъди аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии Шӯрои собиқадорони ҷанги ҷамоати деҳоти Сабристон Баротбой Ҷумъаев қироат гаштани тарҷумаи ҳоли Ахмадов Зокир, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Абдуваҳҳоб Қаюмов оиди ҷонбозиҳои халқи тоҷик ва ҳамчунин корнамоиҳои Ахмадов Зокир дар солҳои 1941-1945 сухан гуфт.
Баъдан фарзанди Ахмадов Зокир – Зокиров Ғаниҷон ба сухан баромада ҷамъомадагонро баҳри ташриф хайра мақдам гуфт.
Қайд шуд, ки Ахмадов Зокир соли 1907 дар деҳаи Ругунд ба дунё омада, соли 1941 ихтиёрӣ ба фронт меравад. Дар муҳорибаи шаҳрҳои Кировоград ва Нарва иштирок намуда ярадор шудааст. Баъди ғалаба ба Ватан баргашта, бо нишони “Ситораи сурх” ва медалҳои ҷангӣ сарфароз гаштааст.
Дар рафти чорабинӣ хонандагони МТМУ #12 деҳаи Ругунд таҳти роҳбарии омӯзгор Аминхонов Аброрхон бо шеъру сурудҳо дар васфи Ватан чорабиниро рангинтар гардониданд.
Ҳамчунин дар деҳаи Ругунд аз ҷониби раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Абдуваҳҳоб Қаюмов собиқадори меҳнат, омӯзгори фанни таърих Ашуров Набиҷон аёдат карда шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*