Лавҳагузорӣ дар манзили иштирокчии ҶБВ

Баҳри пос доштани хотираи абармардони майдони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар манотиқи гуногуни кишварамон, минҷумла шаҳри Истаравшан низ тӯли соли равон чорабиниҳои мухталиф, аёдати ин мардони далер ва маросими лавҳагузорӣ доир гардида истодаанд.
Дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Чорбоғ низ маросими лавҳагузорӣ дар манзили истиқоматии иштирокчии ҶБВ Ашӯров Муҳаммадқул бо иштироки намояндагони МИҲД-шаҳр, кормандони ҷамоат, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва пайвандон доир шуд.
Сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан Ғайратулло Неъматов, Раиси ҷамоати деҳоти “Чорбоғ” Ойбек Шарипов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Абдуваҳҳоб Қаюмов, раиси ташкилоти ибтидоии Шӯрои собиқадорони ҷамоати деҳоти “Чорбоғ” Ғайбулло Азимов, шогирди Муҳаммадқул Ашӯров
Зиёбой Матбобоев ва омӯзгор Бахтёр Ирмонов оиди оқибатҳои фоҷиабори ҶБВ ва корнамоиҳои Муҳаммадқул Ашӯров суханронӣ намуданд.
Ашӯров Муҳаммадқул соли 1922 дар деҳаи Чорбоғ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1942 ба фронт сафарбар шуда, баъд аз ба даст овардани ғалаба дар ҷамоат солҳои тӯлонӣ ҳамчун муҳосиб кору фаъолият бурдааст. Бо якчанд ордену медалҳои ҷашнӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ шудааст.

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*