Лоиҳаи буҷети шаҳри Истаравшан барои солҳои 2020 – 2022.

Шарҳи хаттӣ

оиди лоиҳаи буҷети шаҳри Истаравшан барои

солҳои 2020 – 2022.

    

Лоиҳаи буҷети шаҳри Истаравшан барои солҳои 2020-2022 тибқи талаботҳои дастурамали Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо баҳисобгирии нақшаҳои дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар ин давра, тартиб дода шудааст.

Мувофиқи лоиҳаи талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибдодашуда, нақшаи   умумии даромадҳои   соли 2020, нисбати нақшаи умумии соли 2019 ба андозаи 119.0 фоиз зиёд мебошад.

Бояд қайд намуд, ки баландшавии лоиҳаи буҷет барои соли 2020 аз ҳисоби баландшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки дар 11 моҳи соли 2018 366,5 млн. сомониро ташкил дода дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба 443,4 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки 121,0 фоизро ташкил медиҳад, инунин зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воқеии минтақавӣ, ки дар 11 моҳи соли 2018 1,5 млр.сомониро ташкил медод, ки ин нишондод дар 11 моҳи соли 2019 ба 1,7 млрд. расонида шудааст.

Нақшаи воридоти андоз аз арзиши иловашуда барои соли 2020 бо назардошти нақшаҳои истеҳсолию молиявии корхонаҳои саноатӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ки маҷмӯи умумии даромадҳояшон зиёда 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд таҳия гардидааст.

Лоиҳаи нақша барои соли 2020 аз рӯи андоз аз арзиши иловашуда дар сатҳи воридоти реалии андози мазкур, ба маблағи 42898000 сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки он нисбати нақшаи соли равон ба андозаи 145,1 фоиз ва нисбати иҷрои пешбинишудаи андози мазкур 112,8 фоиз зиёд мебошад.

Мутобиқи таҳлилҳои шӯъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2020 зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли корхонаҳои асосии шаҳр нисбати соли равон 15 фоизро ташкил медиҳанд.

Аз ин лиҳоз, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, имкониятҳои мавҷудаи воридоти иловагии як қатор андозҳои дигарро (андози низомҳои махсуси андозбандӣ, дигар пардохтҳои ҳатми маҳаллӣ ва ғайраҳо) ба инобат гирифта, лоиҳаи буҷети умумии шаҳрро аз рӯи даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ)  барои соли 2020 ба маблағи умумии 175000000 сомонӣ барои баррасӣ пешниҳод менамояд, ки афзоиши он нисбати нақшаи даромадҳои  буҷет дар соли 2019  119,0  фоизро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи нақшаи воридот нисбати андоз аз даромади шахсони воқеӣ мувофиқи маълумоти раёсати омор дар шаҳр оиди фонди  музди меҳнат ва миқдори коргарони амалан бо кор таъминбуда, таҳия шудааст. Нақшаи таҳияшудаи ин намуди андоз ба маблағи 26991,0 ҳазор сомонӣ баробар карда шуд. Инчунин зиёдшавии музди маоши ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ баён доштанд аз моҳи сентябри соли 2020 роҳандози карда мешаванд.

 

 

 

 

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*