Лоиҳаи сармоягузорӣ

   Дар шаҳри Истаравшан ҳафт лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегарданд

 

Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳри Истаравшан рафти иҷроиши лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз рўи ҳафт лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодаанд аз ҷумла:

  1. Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон (марҳилаи 2)»:

Дар доираи лоиҳаи мазкур дар самти «Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии ноҳияи Истаравшан» корҳои насби 10710 метр қубурҳои полиэтилении диаметрашон гуногун амалӣ гардида, корҳои боқимонда дар иншоот идома доранд.

Дар маҷмуъ аз оғози татбиқи лоиҳа дар шаҳри Истаравшан                     1,3 млн. доллари ИМА азхуд карда шудааст.

  1. Лоиҳаи «Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ»:

Дар доираи қисмати II.A-и лоиҳаи мазкур ба 565 нафар сокинони ноҳия барои рушди соҳаи кишоварзӣ қарзҳои хурди имтиёзнок дар ҳаҷми умумии 1,36 млн. доллари ИМА дода шудааст.

Инчунин дар қисматҳои I, II (B) ва III-и лоиҳа дар ноҳия барои 3 гурўҳҳои фермерон тибқи 7 модули омўзишӣ семинару машваратҳо оид ба амалишавии занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулоти себ, нок ва лимў баргузор гардида, ба гуруҳҳое, ки дар доираи барномаҳои грантӣ интихоб шудаанд, ба маблағи 25,2 ҳазор доллар маблағгузори карда шудаанд.

Маблағи умумии дар доираи лоиҳаи мазкур дар шаҳр азхудшуда    1,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

  1. Лоиҳаи “Барномаи мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал”:

Дар доираи лоиҳаи мазкур ба 809 нафар истиқоматкунандагони шаҳр қарзҳои хурд ҷиҳати татбиқи зерлоиҳаҳо бо мақсади чори намудани усулҳои амали ва технологияҳои муносибе, ки ба баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, кам ва паст намудани хавфҳо ва инчунин ба даст овардани манфиатҳои иқтисоди ва ичтимои равона гардидаанд, ба маблағи умумии 1,37 млн. доллари ИМА дода шудааст.

  1. Лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барӣ ва беҳтаргардонии низоми интиӣоли барӣ»:

Дар доираи лоти 1-и лоиҳа дар шаҳр дар 5 адад зеристгоҳҳо воридот ва васлу насби трансформаторҳои шиддат, трансформаторҳои ҷараён ва ҳисобкунакҳои барқӣ ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон дар зеристгоҳҳо корҳои васлу насби трансформаторҳои шиддат, трансформаторҳои ҷараён ба анҷом расонида шуд. Инчунин дар зеристгоҳҳо корҳои иваз намудани ҳисобкунакҳои барқӣ идома доранд.

Дар маҷмуъ аз оғози татбиқи лоиҳа дар шаҳр 95,5 ҳазор доллари ИМА азхуд карда шудааст.

  1. Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва ом=зиш»

Дар доираи лоиҳаи мазкур моҳи феврали соли 2019 корҳои таъмиру барқарорсозии бинои Муассисаи давлатии “Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан” оғоз гардида, айни замон идома дорад.

Дар иншооти мазкур то инҷониб 90,2 ҳазор доллари ИМА азхуд карда шудааст.

  1. Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”:

Дар доираи даври 1-уми зерқисмати 1.1 (Грантҳои хурд)-и лоиҳа ба Коллечи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан барои ташкил ва баргузории курсҳои касбомузӣ 16,3 ҳазор доллари ИМА пардохт карда шудааст.

  1. Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4”:

Дар доираи лоиҳаи мазкур корҳои таҷдиду барқарорсозӣ дар муассисаи таълимии №5 дар деҳаи Суфи Орифи шаҳри Истаравшан амалӣ гардида истодааст, ки маблағи иншоот тибқи қарордод 296,5 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Дар доираи лоиҳа дар шахри Истаравшан то инҷониб 76,4 ҳазор доллари ИМА азхуд карда шудааст.

Маблағи умумии азхудшуда дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии зикргардида 4,35 млн. доллари ИМА – ро ташкил медиҳад, ки он таҳти назорати бевоситаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*