МАКТАБИ ЯТИМОВ СИПАР ВА ҶАВШАНИ ҚАВИИ АМНИЯТИ КИШВАР АСТ

“Ҳар касе, ки иттиллотро идора мекунад, ақлро назорат мекунад. Ҳар касе, ки иттилоотро дастрас мекунад, азизи мардум хоҳад шуд”.
(Ҷим Моррисон)

Ҷомеашиносон аллакай собит кардаанд, ки зарари силоҳи тавоно мубориза – иттилоот аз зарари силоҳи ядроӣ бештар аст. Шикасти девори Берлин ва пошхӯрии Итиҳоди Шӯравӣ алангаи “ҷанги сард”-ро муваққатан хомӯш карда буд. Кишварҳои абарқудрати Fарб ҳеҷ гумон надоштанд, ки Русия ва Чин дар даҳсолаи оянда рақиби шикастнопазири кишварҳои 7-гона ва ё аъзои НАТО мешаванд. Русия ва Чин на натанҳо аз муҳосира баромаданд, баръакс, дар доираи итиҳодияҳои СҲШ ва БРИКС ними аҳолии сайёраро ба ҷониби худ ҷалб намуданд.

Аз соли 2000 “ҷанги сард”-и такроран ва ин бор шиддатнок оғоз гардид. Аллакай дар соли 2002 дар ин ҷабҳа бартарии Русия ва Чин эҳсос шуд. Ҳаҷм ва сифати муҳтавои иттилооти Чин ва Русия ду баробар аз Амрико ва Аврупо афзоиш ёфт. Маъмулан “Касе, ки соҳиби итилоот аст, соҳиби дунё хоҳад шуд” аз ёди Fарб рафта буд. Ба рушди иттилооти Русия ва Чин рушди иқтисод ва технологияи иттилооти электронӣ мусоидат намуд.

Яке аз омилҳои аслии даргириҳо дар Тоҷикистон низ рақобати бозори иттилоот буд. Мухолифин ва ҲНИ (ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълоншуда) ба муқобили ҳукумати қонунӣ дар се самт (1. иттилооти мазҳабӣ, динӣ; 2. шароити маишӣ ва сатҳи зиндагии мардум; 3. волоияти маҳалл) ҳамлаҳоро сафарбар намуданд. Ба ҳамин хотир, ҳатто баъди нооромиҳо – аз соли 1999 то 2010 гуруҳҳои тундрав ва ҲНИ дар ҷомеа мавқеи муайянро ишғол намуданд. Дар ин давра итилоот дар идораҳои расмии давлатӣ, аз ҷумла дар сохторҳои амниятӣ аз раванд ва мубориза қафо монд. То соли 2008 ҳатто дар марзи Тоҷикистон даҳҳо радио ва нашрияҳои муҷоҳидин ва мухолифин зидди дастовардҳои Истиқлолият ташвиқот мебурданд. Кор то ҳадде расид, ки мубаллиғин узви ҲНИ буданро ба 5 фарзи мусулмонӣ баробар мекарданд.
Бо омадани сиёсатшинос ва олими маъруф, сарбози содиқи амнияти миллӣ Саймӯмин Ятимов ба раъси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷабҳаи иттилоот ба ҳайси амнияти миллӣ ва дифои давлат афзалият пайдо кард.

Сиёсатмадори маъруфи Фаронса дар қарни бист Шарл де Голл гуфта буд, “Вазир набояд аз рӯзномаҳо шикоят кунад ва ё ҳатто онҳоро хонад. Ӯ бояд онҳоро нависад”. Аз ин рӯ Ятимов дар баробари мутолиа худаш ба эҷод барои матбуоти даврӣ машғул гардид.

Саймумин Сатторович 40 сол боз бо иттилоот сарукор дошта, онро ба манфиати амнияти миллӣ истифода мебарад. Ӯ аз иттилоот сипар сохта метавонад.
Профессор Ятимов хуб медонад, ки маҳз иттилоот империяи Руми қадим, Хулафои Фотимии Миср ва Иттиҳоди Шӯравиро тавоно карда буд. Сиёсатамдори немис Гелмут Кол гуфта буд, “Ман аз сад хабари “Шпигел” 20-тояшро барои стратегияи роҳбарӣ интихоб мекардаам”. Ҳатто ривояте аст, ки боре Гелмут Кол дар ҷаласаи субҳона ҳамаи вазирону роҳбаронро даъват мекунад. Вазири амният даъват намешавад.

Вазир бо хашм ба Канслер мегӯяд:
– Наход иттилооти гузориши шабонарӯзии ман ба шумо лозим нест?
– Асло лозим нест. Зеро ман аллакай “Шпигел”-ро мутолиа кардам.

Шуҷоат ва оянданазарии Ятимов дар он аст, ки ӯ дар ҳамаи итилооти ВАО, расмӣ, овозаҳо… ҳадаф, аудутория ва инъикоси воқеаҳои рӯзро меҷӯяд.

Бори аввал бо иқдоми Ятимов стратегияи истифодаи иттилоот таҳқиқ гардида, он ба таври илмӣ-оммавӣ дастраси омма гардид. Имрӯз дар илми ҷомеашиносӣ силсилаи мақолаҳои ӯ оид ба амнияти миллӣ ва илм, маориф, маънавият, худшиносӣ, забон, нақди сухан беҳтарин пажуҳиш маҳсуб мешаванд. Консепсияи рушди ормонҳои миллӣ ва идеологияи нав дар тарғиби ватандӯстӣ, ваҳдати маҳаллҳо, тақвияти пояҳои давлат, бедории ғурури миллӣ олами навро кашф кард. Акнун омма медонад, ки давлатдорӣ танҳо аз иҷрои нақшаи буҷа ва андоз, бунёди иншооту корхонаҳо иборат нест.

Борҳо мушоҳида кардем, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳо мақолаҳоро омӯхта, дар кори амалиашон истифода мебурданд. Рӯзнома чанде пеш мақолаи профессор Саймӯмин Ятимов бо номи “Нақди сухан”-ро бознашр намуд. Маъмулан мо суруди миллӣ, рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчамро муқаддас медонему арҷ мегузорем. Дар пажӯҳиши Ятимов боз як кашфиёти нав – рамзи эълони “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд” бо овози наттоқи маъруф Абдурашид Хуҷақулов эҳсосоти ватандӯстӣ ва муҳабату самимияти умқи дилро бедор мекунад. Ин садо дар толорҳо, майдонҳо ва маросимҳои расмӣ дар баробари суруди миллӣ ғурур ва ифтихорроо бедор менамояд.

Саймӯъмин Ятимов ҳоло ба тадриҷ дар ҷабҳаи ҷанги иттилоотӣ бар зидди тундгароён, фирориёни иғвоандози берунӣ ва ҳазорҳо блогерҳову сомонаҳои ифротӣ бартарӣ дорад. Иттилооти дастрас ба омма ва бо далелҳои мӯътамад ҳатто мухолифини ашаддиро аз майдони мубориза берун баровард. Масалан, дар 10 моҳи имсол 4 сомона, 127 сафҳаи блогерҳо, ду созмони таблиғотӣ дар хориҷи кишвар маҷбур шуданд фаъолияти худро қатъ кунанд.

Ҳамзамон мактаби академик Ятимов коршиносони нав, шореҳони нави сиёсиро ба майдони мубориза ҷалб намуд. Журналистон ва ҷомеашиносони ҷавон ва ҳам насли бузургсол дар пайравии Ятимов доир ба масоили мубрами рӯз изҳори андеша мекунанд.

Имрӯз Аврупо бо ҳар баҳонаву восита мухолифини ифротӣ, аз ҷумла ҲНИ-ро сарпарастӣ мекунад. Ба аврупоиён, ки ахиран, пас аз террор дар Фаронса, кушта шудани муаллим аз оқибати таблиғоти терроризм огоҳ шуданд, бояд шеъри Азизуддин Насафиро дастрас кунем:

Суханчинро макун наздики худ ром,
Кӣ бад гӯяд туро ҳам дар саранҷом.
Суханчинро надеҳ наздики худ ҷой,
Ки дар як дам кунад сад фитна барпой

Бо кушиши ҷомеашиносонаи Саймуъмин Ятимов, Саидмурод Фатоев, Рамазон Раҳимзода, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Бахтиёр Ҳамдам ва даҳҳои дигар таърих, моҳият ва истифодаи иттилоти сиёсати дохилӣ ва хориҷии дурназари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси омма мегардад. Ҷанги иттилоотиро Шайх Саъдӣ дар замон худаш зикр карда, онро чун силоҳи мубориза эълон ва аз оқибати шуми он ёдрас мекунад:

Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст.
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.

Мутаассифона, иттилооти мо дар марз ва ноҳияҳои дурдаст дар ҳолати ташвишовар аст. Дар минтиқаҳои марзии Кӯлоб, ВМКБ то ҳол ягон нашрия ва васоити ахбори электронӣ фаъол нест. Теъдоди ҳармоҳаи рӯзномаҳои ноҳиявӣ ночиз аст. Нашрияҳои расмӣ ба ҳисоби миёна то 1 ҳафта дастраси мардум мешаванд. Журналист ва коршиноси маъруф Суҳробшоҳ Фаррухшоҳ дар як суҳбаташ васоити ахбори оммаро “силоҳ ва дар як маврид сипари боэътимоде номид, ки манфиатҳои миллиро ҳимоят мекунанд”. Оид ба фаъолияти ВАО-и минтақаи Кӯлоб Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ гуфта буд: “Мутаассифона, дар минтақаи Кӯлоб бинобар набудани шароити созгор нақши ВАО дар ифои вазифаи асливу усулии худ андаке хира ба чашм мерасад. Ҳарчанд, рӯзноманигорони минтақаи Кӯлоб дар радифи ҳамтоёни марказнишини худ дар бардошти масоили мухталифи ҷомеа, ҳалли мушкилот ва инъикоси мавзӯъҳои доғи рӯз саҳми калон доранд, аммо набудани шароит ва василаи кор онҳоро нигарон кардааст. Дар 10 шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳамагӣ 11 нашрияи мансуб ба мақомоти маҳал, як рӯзномаи мустақил, 1 телевизиони давлатӣ ва як телевизиони мустақил фаъолият мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар музофоти Кӯлоб бештар аз 1 миллион ҷамъят ба сар бурда, мунтазам ба ахбори саҳеҳ ва саривақтӣ ниёз доранд. Дуруст аст, ки беҳдошти фаъолияти рӯзномаҳо, ки нашрияҳои мақомоти маҳаллӣ мебошанд, аз мақомоти маҳал вобастагӣ дорад, аммо бетаваҷҷуҳӣ аз ҷониби чунин як ниҳоде, амсоли Иттифоқи журналистони кишвар ба кори онҳо масъалаи муҳимест, ки бояд ба он таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Бояд гуфт, идораи кории рӯзномаи “Субҳи меҳнат”-и ноҳияи Муъминобод дар ҳоли садамавӣ қарор дошта, оҷилан таъмир мехоҳад. Дар идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Ховалинг” мизу курсии корӣ намерасад ва идора ба шабакаи интернетӣ пайваст нест. Рӯзномаи “Зафар”-и ноҳияи Ҳамадонӣ моҳе ду маротиба ва рӯзномаи “Гулистон”-и ноҳияи Фархор моҳе як маротиба нашр мешаванду халос. Адади нашри ҳамаи рӯзномаҳои маҳаллӣ мутобиқи иттилои мавҷуда аз ду ҳазор зиёд нест. Мушкили асосии рӯзномаҳои музофоти Кӯлоб набудани чопхонаи ҷавобгӯ ба талаботи рӯз мебошад. Ба далели мушкили молиявӣ рӯзномаҳо маҷбуранд дар чопхонаи шаҳри Кӯлоб рӯзномаҳои худро бо сифати начандон хуб чоп кунанд”.

Ин маълумоти то андозае куҳна ҳам бошад, баёнгари вазъ аст. Ҳамин аст, ки мардум нисбат ба ВАО ба шабакаҳои иҷтимоӣ, сафҳа ва замимаҳои мобилӣ бештар дастрасӣ дорад. Рӯзномаи “ИмрӯзNews” чанде пеш дар ноҳияҳои дурдаст пажуҳиш анҷом дод. Ба шаҳарвандон чунин савол дода шуд: “Шумо хабар дар бораи эҳтимоли барқарории парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо ба Русияро аз куҷо хондед”? Аз 100 нафари сокини шаҳри Хоруғ 89 нафар аз Фейсбук, аз 100 нафари сокинони Истравшан 82 нафар аз расонаҳои Русия, 100 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд хабарро аз Фейсбук дастрас кардаанд.

Истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ модоме ки 67 фоизи аҳолии Сайёра истифода мебранд , ба манфиати миллӣ муҳим аст. Аз ин рӯ, иқдоми Ятимов оид ба пахши иттилоот дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ қобили дастгирист.

Ибтидо аз солҳои 80-уми қарни гузашта тафсир, ташреҳоти сиёсӣ васеъ истифода мешуданд. Муҳимтарин барномаҳои давлатӣ – нақшаҳои панҷсола васеъ шарҳ дода мешуданд. Ин жанр то солҳои 2010 хеле кам истифода мешуд. Дар ин самт низ олим Ятимов анъанаи навро ҷорӣ кард. Соли равон дар мавриди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вокуниши васеъ ба амал омад. Аммо шарҳ ва таҳлилҳои амиқи Ятимов дар мавриди Паём моҳият, фалсафа ва мавқеи байналмилаии Паёмро кашф кард.

Дар пажӯҳиши Ятимов он чиз ҷолиб аст, ки ӯ иттилооти рӯзро ба хотири амнияти кишвар истифода мекунад. Ӯ ба хубӣ дарк кардааст, ки ВАО ҳанӯз афкор ва ақидаи комили омма нест.

Пахшу паҳншавии иттилоот ва истифода аз он интихобӣ аст. Вале бояд итилооти фаровон дастрас бошад, ки аз байнашон иттилооти дилхоҳ интихоб шавад. Дар хотираҳои сиёсатмадори амрикоӣ Ҷорҷ Буш чунин зикр гардидааст:
Боре Ҷорҷ Буш дар конфроси матбуотӣ мегӯяд:

– Журналистони гиромӣ, ман ҳатто нисфи он чизе, ки шумо менависед, нахондаам.
Журналист: -Ҷои шубҳа нест. Мо низ нисфи суханони шуморо гӯш намекунем.

Ҷорҷ Буш: – Ман инро пас аз хондани нисфи он чизе, ки шумо менависед, фаҳмида будам.
Маъмулан, ҳама вақт нисфи иттилоъ истифода мешавад. Ва ин нисф барои он интихоб мешавад, ки ба ҳодисаҳо, воқеаҳо ва вазъи рӯз мувофиқ бошанд. Дар пажуҳиши Ятимов ин усули истифода аз иттилоъ ду сол пеш таъкид гардида буд.
Имрӯз дар баъзе давлатҳо, аз ҷумла Ирон, Чин барои гуруҳҳои одамон ва роҳбарон иттилооти алтернативӣ нашру дастрас мешавад. Дар ИМА солҳои чилум барои Рузвелти солхӯрда ва Рокфеллери пир махсусан шумораи алоҳидаи ками газетаҳо нашр ва дастрас мешуданд. Барои Рокфеллери пир як рӯзномаи махсуси пур аз хабарҳои тахайюлӣ мавҷуд буд.

Кушиш ва талоши Саидмуъмин Ятимов дар ин бора қобили таҳсин аст. Давлат иттилооти пурра мегирад. Ҳамзамон ВАО ба иттилоъи расмӣ дастрасӣ пайдо кардаанд.

Боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВАО таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад. Аз ҳамаи ахбори матбуот огоҳ аст. Ва ба таври фаровон дар суҳбатҳояш аз матбуоти даврӣ иқтибос мекунад.
Ҳамзамон бояд зикр кард, ки забон ва услуби публисистикаи илмӣ – оммавии профессор Саймӯмин Ятимов хеле фасеҳ, дастрас ва оммафаҳм мебошад. Дар 5 соли охир ӯ мактаби публисистикаи сиёсиро ташаккул дод. Имрӯз роҳбарони эҷодкор Саймуъмин Ятимов, Рамазон Раҳимзода, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Шералӣ Кабир, Саидмурод Фаттозода ба он хотир маҳбубу маъруфанд, ки оммаро бо иттилооти нодир ва воқеӣ таъмин менамоянд.

Мактаби публисистикаи сиёсии Ятимов сипар ва ҷавшани қавии амнияти кишвар аст. Ба қавли Лев Толстой, “сухани шахс сирату сурати инсонии ӯст”. Сухани Ятимов сирату сурати некхоҳии ӯст.

Наҷмиддин Шоҳинбод
шореҳи “ИмрӯзNews”
28.11.2020

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*