МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БА ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲР

МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БА ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲР

3 сентябри соли равон маросими супоридани стипендияи раиси шаҳри Истаравшан ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо баргузор гардид.
Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар соли хониши 2021 шумораи гирандагони стипендияи раиси шаҳр аз 10 нафар ба 50 нафар расонида шуда, маблағи солонаи гирандагони стипендия ба 900 сомонӣ, дар умум 45 000 сомонӣ барои 50 нафар муқаррар гардид.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зимни тақдими стипендияҳо ба хонандагони макотиби шаҳр иброз дошт, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла, ҷавонони шаҳри Истаравшан дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан нақши муҳим доранд.
Таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлати босамар истифода мегардад.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 50 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсей ва гимназияҳо, ки аз ҷониби комиссия интихоб ва пешбарӣ шуда буданд, дар маҷмӯъ 45 000 сомонӣ стипендия ва шаҳодатномаҳо супорида шуд.
Дар охир ҷавонон изҳор доштанд, ки ҷавобан ба ғамхориҳо пайваста мекӯшанд, ки бо хониши аъло, иҷрои корҳои таҳқиқотии илмӣ, хизмат
дар сафи Артиши миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар тарғибу татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузошта, ба Ватани соҳибистиқлоламон хизмат менамоянд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*