Маълумот оиди Шабакаҳои барқии шаҳри Истаравшан

 

Ҷомеаи меҳнатии Шабакаҳои барқии шаҳри Истаравшан дар асоси дастуру супоришҳои ҶСК “Шабакаҳои барқии Истаравшан”, ШСХК “Барқи Тоҷик” ва амру фармонҳои Ҳукумати шаҳри Истаравшан кор ва фаъолият бурда истодааст. Сардории Шабакаҳои барқи шаҳри Истаравшанро аз 1-уми январи соли 2018 инҷониб Кибриев Аюбҷон Ҳабибҷонович бар ӯҳда дорад.

Дар Шабакаҳои барқии шаҳри Истаравшан барои таъминоти соҳаҳои хоҷагии халқ бо нерӯи барқ  3 адад зеристгоҳҳои барқии 110/35/10кВ, 2 адад зеристгоҳи барқии 110/10кВ ва як адад зеристгоҳи барқии 35/10кВ хизмат расонида истодааст. Шумораи  хатти интиқоли барқи 10кВ 37 адад буда, дарозии умумии хатти интиқоли барқи 10кВ 528 км ва хатти интиқоли барқи 0,4 кВ 870 км-ро ташкил медиҳад. Дар Шабакаҳои барқии шаҳри Истаравшан  1510 адад зеристгоҳи трансформатории 10/0,4 кВ ба шабака пайваст мебошад, ки 502 адади он ба аҳоли хизмат мерасонад.

Миқдори умумии муштариён 42110 ададро ташкил дода аз он 66 адад муштариёни саноати, 138 адад муштариёни ташкилотҳои буҷави ва муассисаҳои коммунали, 1104 адад муштариёни ғайрисаноати ва тиҷорати,  608 адад муштариёни насосҳои обгузар ва пойгоҳҳои обкаши ва 40194 адад муштариёни аҳолӣ мебошанд.

Дар нимсолаи якуми 2019 ШБ ш. Истаравшан ба миқдори 151762 ҳазор кВт.соат барқ қабул гардид, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5842 ҳазор кВт.соат зиёд мебошад.

Барои мунтазам ва сифатнок таъмин намудани муштариён бо нерӯи барқ дар Шабакаҳои барқии шаҳри Истаравшан 152 нафар кормандон фаъолият менамоянд. Аз онҳо кормандони муҳандис-техникӣ 15 нафар, танзимгар 4 нафар, навбатдорони зеристгоҳи барқи 27 нафар, барқчиёни фаври-таъмир 15 нафар, барқчиёни таъмир 25 нафар, назоратчиёни фурӯши барқ 74 нафар кор ва фаъолият мебаранд.

 

 

Сардори                                                                                          ШБ ш. Истаравшан                                         Кибриев А. Ҳ.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*