МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

17 феврали соли равон баҳри сазовор истиқбол намудани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳавои мусоид дар муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак” – и шаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, кормандони соҳаи тандурустӣ, кишоварзон ва сокинон ширкат варзида, беш аз 100 бех ниҳолҳои мевадиҳандаи себи “Ҳусни Юсуф”, ки хоси боду ҳавои шаҳри Истаравшан мебошад, шинонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки баргузории чунин маъракаи ниҳолшинонӣ дар дигар ҳудудҳои шаҳр низ идома бахшида мешавад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*