Маъракаи пахтачинӣ

Имрӯзҳо дар вилояти Суғд ҷамъоварии ҳосили пахта идома ёфта, дар  ноҳияи Зафаробод  бо ёрии шаҳвандони истаравшан маъракаи ҷамъоварӣ бо маром рафта истодааст. Баҳри саривақт қабул ва коркард намудани меҳнати деҳқонон дар нуқтаҳои қабул ва корхонаҳои пахтатозакунӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Барои кӯмак баҳри ҷамъоварии ҳосили пахта як гурӯҳ кормандони МИҲД-и шаҳри Истаравшан , иборат аз 380 нафар, бо сарварии Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри истаравшан Амирхон Қурбонзода ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда заҳматкашони меҳнатдӯстро дастгирӣ намуда, ба таври ҳашар аз пагоҳ то бегоҳ пахтачинӣ намуданд.

Мавсими ҷамъоварии пахта як марҳилаи пурмаъсулият мебошад, ки аҳли кормандони Мақомоти иҷроияи шаҳри Истаравшан ва фаъолон новобаста аз касбу кори гуногун вақти худро дареғ надошта, сӯйи пахтазор омадаанд. Зеро пахта – боигарии давлат ва омили зиндагии шоистаи мардум мебошад.

                                      

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*