Маъракаи ҷамъоварии тиллои сафед

Сокинони шаҳру деҳоти Истаравшан дар маъракаи ҷамъоварии тиллои сафед – яъне пахта фаъолона иштирок намуда, баҳри саривақт коркард намудани он кӯмаки худро расонида истодаанд.

Дар рӯзҳои истироҳат аз шаҳри Истаравшан ба воситаи нақлиёти мусофиркашон аз 400 то 500 нафар меҳнаткашони касбу кори гуногун, хурду калон ба саҳрои ноҳияи Зафаробод раҳсипор гашта, баҳри сари вақт ва беталаф щунучин намуда ба итмом расонидани нақшаи ҷамъоварии пахта кӯмак намуда истодаанд. Зеро пахта яке боигариҳои асосии ҷумҳуриамон ба ҳисоб меравад. Дар пахтазор ҳосил фаровон аст, ва барои пахтачинон ҳамаи шароит муҳайё буда, музди ҳаррӯзаи пахта ба ҳар келояш 50 дирамӣ пардохта шуда истодааст. Пахтачинони мо азм доранд, ки то охири мавсим барои иҷро шудани нақшаи истеҳсоли пахта кӯмаки худро расонанд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*