МАҲФИЛИ ИЛМӢ – АДАБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ”

25 феврали соли равон дар асоси нақшаи кории Шӯрои вилоятии Ҳаракатии ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан маҳфили илмӣ- адабӣ таҳти унвони “Нақши занону бонувон дар таҳкими Истиқлоли миллӣ” баргузор гардид.
Дар маҳфили илмӣ – адабӣ Қобилҷон Усмонов – раиси Шӯрои куҳансолони ҷамъиятии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Бароҳат Махкамова – устоди донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуроф, Фирӯза Мӯъминова -мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, узви Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умеда Умарзода- судяи суди шаҳр, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр, кормандони соҳаҳои мухталиф, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолон ва собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки имрӯз дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд “Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси 30-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем”. Иқдомҳои дурбинонае, ки дар Паём таҷассум ёфтаанд, моро водор месозад, ки бо азму иродаи қавӣ ва дили гарм ҷиҳати амалӣ намудани корҳои созандагӣ талош варзем ва он ҳадафҳое, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пеш гузоштаанд, пайгирӣ намуда, самараи дилхоҳро ба даст оварем.
Ҳамзамон дар рафти маҳфили мазкур аз ҷониби хонандагони муассисаи таълимии гимназияи №5 шеърҳо дар васфи “Модар”, “Ватан” ва “Тоҷикистон” пешкаши ҳозирин карда шуд.
Дар фарҷом фаъолон ва собиқадорони меҳнат бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*