МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
22 феврали соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан маҷлиси назоратии назди иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарият ва масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони самтҳои тандурустӣ, фарҳанг, нигоҳдории роҳ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва обтаъминкунӣ ширкат варзиданд.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои зерин: Ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” дар шаҳр, пешниҳоди прокуратура оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидат карда, пешгирии таҳсилоти ғайридавлатии динӣ, чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳамзамон иҷрои даъвати баҳорӣ, андоз, омодагиҳо вобаста ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, мавсими кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ, кишту кори баҳорӣ, вазъи таъмири техникаҳои кишоварзӣ, таъмини хоҷагиҳо бо тухмиҳо, кӯчату ниҳолҳо ва нуриҳои минералӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.
Нахуст иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода ҳозиринро бо фарорасии 28 – умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда, ҷиҳати баррасӣ ва таҳлили масъалаҳои рӯзномаи маҷлис аз масъулини соҳа пурсиш ба амал овард. Аз рӯи ҳисоботҳои шунидашуда ҳамаи масъулини соҳа ва фаъолони шаҳр вобаста ба сазовор ва бо риояи ҳолати санитариву эпидемиологӣ таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти корҳои кишоварзӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, пешниҳод гардид, ки нисбати нафароне, ки ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ тадбирҳои интизомӣ андешида шавад.
Ҳамзамон ҷиҳати аз партовҳо ба пуррагӣ тоза намудани дохили сойи Зарринруд ва ҳудуди шаҳр дар мӯҳлати як ҳафта ва омода намудани вокуниш ба барномаи танқидии телевизионӣ масъулин вазифадор карда шуданд.
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*