Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори «Қасри фарҳанг» маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода, собиқадорони меҳнат ва меҳмонони касбу кори гуногун доир гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода, роҳбари гурӯҳи кории дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ашӯрзода Абдулҳафиз Абду ва муовини раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода ба сухан баромада аҳли нишастро бо иди бузурги миллат табрику таҳният намуд.

Баъдан чун ҳамасола,  ба 12 собиқадори меҳнат кӯмакпулии яквақтинаи Раиси вилояти Суғд тақдим гардида, ба фаъолон барои саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими давлатдорӣ ва рушду нумӯъи сиёсати давлат ифтихорномаҳои раиси шаҳри Истаравшан супорида шуд.

Дар хотима ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи рангини идона табъи ҳозиринро болида намуданд

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*