Маҷлиси ҷамбастии соли 2019

Маҷлиси фаъолон

        8 январи соли 2020 таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли  2019  маҷлиси фаъолон барпо гардид. Дар он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашўрзода Абдулҳафиз Абду ва намояндаи МИҲД-и вилоят, сардори Раёсати маорифи вилояти Суѓд Каримзода Осим Қосим  иштирок доштанд.

Доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр дар соли 2019 мувоини аввали раиси шаҳр Абдусаттор Қодирӣ маърўза карда, қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2019 дар ҳамбастагӣ бо ташкилоту муассисаю хоҷагиҳо ва андешидани тадбирҳои судманд ба рушди мантазами соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ноил гардид.

Дар шаҳри Истаравшан дар соли сипаригашта нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 100 фоиз иҷро шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 4 намуди андоз: андоз аз даромад, андоз аз фоида, андоз аз аксиз ва андоз аз истифодабарандагони автомобилгард таъмин нагардид.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмўи маҳсулот ба 1 млрд 734 млн 842 ҳазор сомонӣ расид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  ба 110,4 фоиз баробар гардид.

Аз ҷониби корхонаҳои шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 529 млн 167,7 ҳазор сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,9 фоизро ташкил дод.

Бо вуҷуди ин 7 намуди маҳсулот (истеҳсоли маҳсулоти орд, регу сангмайда, риштаи полиэтиленӣ, пойафзол, гаҷсанг,  истеҳсоли плитаи оҳану бетонӣ) кам гардид.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои  истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар корхонаҳои саноатии шаҳр 820 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат ва тақвият бахшидани рушди соҳаи саноати шаҳр ба мо зарур аст, ки мунтазам чораҷўӣ намуда,  ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва ба кор даровардани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда чораҳои амалӣ андешем.

Бояд зикр дошт, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Истаравшан аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 12,2 километр роҳи байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои шаҳр мумфарш  ва таъмиру таҷдид карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба аҳолии шаҳр ба маблаѓи 4 млн 431 ҳазор сомонӣ оби нўшокӣ интиқол дода шуда, ҷамъоварии маблаѓи он 101 фоизро ташкил медиҳад. Соли гузашта кишоварзон низ хуб меҳнат карда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Суръати афзоиши истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 106 фоиз таъмин гардид.

Тибқи нақшаи омоданамудаи МИҲД-и шаҳр то ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 7 муассисаи таълимӣ бо 3200 ҷойи нишаст, 17 корхонаи саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 250 ҷойи кор, 19 сартарошхона ва кошонаи ҳусн, 14 бинои баландошёна ва корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст.

Дар рафти маҷлис Амирхон Қурбонзода натиҷаи фаъолияти хоҷагии халқро таҳлил намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод.

Муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои МИҲД, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони  раёсатҳои молия ва нозироти андоз, кишоварзӣ, Кумитаи  идораи давлатии замин, меъмориву шаҳрсозӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, идораи роҳсозӣ, тандурустиву маориф, бозорҳо, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, вобаста ба сабаби иҷрои нагаштани чор намуди андоз, кам кардани бақияпулии андоз, таъмин нагаштани нақша дар баъзе корхонаҳои саноатӣ, ба гардиши кишварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, истифодаи оқилонаи обу замин, вусъати бунёди гармхонаву сардхона, суръат бахшидан ба ҷараёти сохтмони иншооти ҷашнӣ, ободониву созандагӣ, омодагӣ ба мавсими кабудизорнамоӣ ва ниҳолшинонӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, падидаҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон, ташкили сомона дар назди бахши сайёҳӣ ва харитаи сайёҳии шаҳр, бурдани корҳои таблиѓотӣ дар байни занону духтарон вобаста ба ҳодисаҳои номатлуб  ва саривақт ҷамъ овардани маблаѓҳои коммуналӣ, таъмини нақшаи обуна ба рўзномаю маҷаллаҳои даврӣ аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр дастуру супоришҳо гирифтанд.

Дар маҷлиси фаъолон Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашўрзода Абдулҳафиз Абду ва намояндани МИҲД-и вилояти Суѓд Каримзода Осим Қосим баромад намуданд.

Дар охир гурўҳи фаъолон ва соҳибкорон барои фаъолияти пурмаҳсули меҳнатӣ, саҳми назаррас гузоштан  дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Амирхон Қурбонзода маҷлиси фаъолонро ҷамъбаст намуда, изҳор дошт, ки мардуми сарбаланди Истаравшан баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ободонию созандагиро вусъат мебахшанд.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*