Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан бо гурӯҳи кории Комиссияи ФФТ оид ба иҷозатномадиҳии клубҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияи иҷозатномадиҳии ФФТ бо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода мулоқоти судманд доир ба вазъи кунунии клуби “Истаравшан”- и шаҳри Истаравшан баргузор намуд. Зимни мулоқот ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов миннатдории роҳбарияти ФФТ – ро баҳри дастгирии даста ва оммавигардонии варзиш дар маҳал ба иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода расонид.
Дар рафти санҷиш аз тарафи гурӯҳи кории Комиссия иҷрои талаботҳои варзишии ФФТ барои иштироки клуб дар лигаи олии кишвар, инфрасохтор, малака ва меъёрҳои маъмурияти даста, вазъи хуқуқӣ ва таъминоти молиявии соҳа баррасӣ гардид.
Гурӯҳи кории Комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳии клубҳо бо роҳбарии ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов сафари кории худро дар шаҳри Истаравшан ба анҷом расонид.
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*