МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БО САФИРИ ЯПОНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БО САФИРИ ЯПОНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

8 октябри соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Такаюки Мияшита мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба вобаста ба самтҳои маорифу тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамзамон имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати рушди минбаъдаи робитаҳои барои ҷонибҳо манфиатбахш муҳокима гардиданд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар доираи барномаҳои вижаи Сафорати Япония бунёди 8 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии деҳаи “Таги чинор” деҳоти Гули сурх дар назар дошта шуда, амалишавии лоиҳаи мазкур рӯзҳои наздик оғоз мегардад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*