МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАҲОИ “ДӮСТӢ” ВА “БОБОҶОН ҒАФУРОВ”

МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАҲОИ “ДӮСТӢ” ВА “БОБОҶОН ҒАФУРОВ”

Бегоҳии 27 сентябри соли равон дар доираи нақшаи корӣ мулоқоти раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо сокинони кумитаи маҳаллаҳои “Дӯстӣ” ва “Бобоҷон Ғафуров” доир гардид.
Зимни мулоқот раиси шаҳри Истаравшан вобаста ба масъалаҳои ҷойдоштаи ҳудуди маҳаллаҳои болозикр, аз ҷумла, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, тақвият бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, пешгирӣ кардани таҳсилоти ғайрирасмии динии ҷавонону наврасон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарӣ, масъалаҳои тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, таваҷҷуҳ намудан ба азхудкунии фанҳо аз ҷониби хонандагон ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ибрози ақида намуд.
Қайд гардид, ки дар ҷаҳони муосир хатари терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои мубраму ташвишовар ба ҳисоб меравад. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми давлатҳои ҷаҳон сабабҳо ва роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо карда истодаанд. Вабои мазкур ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст. Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷинояти дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза бар зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Гарчанде, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои хеш таъкид менамоянд : «Ҳифзи сарҳад вазифаи танҳо сарҳадбонон нест. Ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намояд». Зеро, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Сокинони маҳаллаҳои “Дӯстӣ” ва “Бобоҷон Ғафуров” дар ҷараёни мулоқот бо раиси шаҳри Истаравшан изҳор намуданд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар робита бо омӯзгорон ҷавононро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба халқу ватани хеш тарбия менамоянд ва ҳамеша ҷонибдори сиëсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дар идомаи мулоқот раиси шурои собиқадорон Қаюмов Абдуваҳҳоб, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр Раҳматова Муътабар ва сархатиби шаҳр Тураев Абдушукур низ суханронӣ намуда, зарарҳои моддию маънавии ин зуҳуроти номатлубро ба сокинон бо далелҳои асоснок фаҳмониданд.
Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан масъулини соҳа вобаста ба ҷалби ҷавонону наврасон ба озмуну олимпиадаҳо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода кардани шогирдон ба озмунҳо ва мусобиқаҳои фаннӣ, риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муфассал бо зикри мисолҳои мушаххас муаззаф гардонида шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

       

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*