МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО МАҚСАДИ ПЕШГИРИ НАМУДАНИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ МИЁНИ ҶОМЕА

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО МАҚСАДИ ПЕШГИРИ НАМУДАНИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ МИЁНИ ҶОМЕА

Дар асоси нақшаи корие, ки зимни баргузории Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр қабул гардид, мулоқоти судманди гурӯҳи корӣ иборат аз сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Одиназода Фирӯз, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фирӯза Мӯъминова ва раиси ҷамоати деҳоти Сабристон Бӯризода Шерқӯзӣ бо фаъолон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Сабристон баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъулин доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб аз ҷумла терроризм ва экстремизм, пешгирӣ намудан аз фарҳанги бегонапарастӣ ва вайроншавии оилаҳо ва ҷалби олимону муҳаққиқон ва омузгорон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷалби хонандагон ба озмунҳо, баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Сабаби асосии ҷалб гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои хусусияти террористию экстремистидошта, ин пеш аз ҳама зери шиори дини ислом рўйпӯш кардани ҳадафу ғаразҳои нопокашон ба ҳисоб меравад.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ ва тамоми мардуми Тоҷикистон муроҷиат карда, таъкид намуданд, “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”.
Мулоқоту вохӯриҳо бо ҳамдигарфаҳмии тарафайн ва мубодилаи афкор баргузор карда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*