Мулоқоти судманд

Имрӯз дар МТМУ №4 ба номи Садриддин Айнӣ ва Гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан  мулоқоти судманд бо хонандагон баргузор гардид, ки дар он роҳбари намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» Шарифов Бобурҷон   дар мавзӯъи “Пешгирии  шомилшавии ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ” ва “25 соли пуршарафи ҲХДТ” баромад кард. Инчунин сарвари МТМУ №4 М. Абдусамадова дар бораи нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеа баромад кард. Чунин мулоқот дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 ва №44-и деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Чорбоғ, дар мавзӯи «Хатари терроризм ва ифротгароӣ ба афкори ҷавонон»  баргузор гардид, ки дар  кори он мушовири раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан  Икромов  Ортиқбой оиди муаммои мубрами рӯз  – “Шомилшавии ҷавонон ба гӯрӯҳҳои террористӣ” баромад намуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*