МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОНИ ШАҲР

МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОНИ ШАҲР
Дар асоси нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз санаи 17 то 23 апрели соли равон дар маҳалҳои осебпазири шаҳр бо фаъолон мулоқоту вохӯриҳои судманд доир ба тарғиби муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, пешгирии падидаҳои номатлуб аз ҷумла терроризм ва экстремизм, ҷалби хонандагон ба озмунҳои “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор гардид.
Дар мулоқоту вохӯриҳо мудири шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар вилояти Суғд Рустамзода Сӯҳроб, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Зафарзода Парвиз, муовини сархатиби масҷиди ҷомеъи шаҳри Хуҷанд Бақоев Абдурозиқ, мутахассиси пешбари бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар шаҳр Қодиров Абдуқулӣ ва ҳайати гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ширкат варзида, доир ба нуқтаҳои муҳимтарини Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб аз ҷумла терроризму экстремизм ва иштироки ҳар чӣ бештари ҷавонону наврасон, олимону муҳаққиқон ва омузгорон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ибрози андеша намуданд.
Қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ ва тамоми мардуми Тоҷикистон муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”.
Мулоқоту вохӯриҳо бо ҳамдигарфаҳмии тарафайн ва мубодилаи афкор баргузор карда шуд.
Ҳамзамон дар доираи мулоқоту вохӯриҳо аз ҷониби масъулин 7 оилаҳои эҳтиёҷманд ва маъюб аёдат карда шуда, аз номи роҳбарият кӯмакҳои яквақтаинаи озуқаворӣ расонида шуд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*