МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИЯТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН

Субҳи 14 феврали соли ҷорӣ таҳти роҳбарии ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ҳайати кории федератсия ҷиҳати шиносоӣ бо рафти омодагии клуби футболи “Истаравшан” ва варзишгоҳи марказӣ ба мавсими нави футбол ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Раиси шаҳри Истаравшан, роҳбари Федератсияи футболи шаҳр Адҳам Маъмурзода бо ҳайати мазкур мулоқоти корӣ анҷом дода, роҷеъ ба натиҷаҳои бадастомадаи соли 2021 ва нақшаҳои федератсияи футболи шаҳр дар соли 2022 иттилоъ дод.
Дар баробари изҳори сипос баён кардан ба роҳбарияти ФФТ барои дастгириҳо, ҳамзамон зикр гардид, ки клуби футболи “Истаравшан” соли 2021 дар Лигаи олӣ фаъолона ширкат варзида, бо натиҷаҳои назаррас, яъне сазовор гардидан ба ҷои чорум мавсимро ҷамъбаст намуд.
Бо мақсади беҳтар кардани натиҷаҳо дар соли 2022 ва комёб гардидан ба роҳхат барои иштирок дар бозиҳои КФО тадбирҳои мушаххас андешида, бо ин мақсад сармураббии ботаҷриба аз хориҷи кишвар даъват ва ҳайати бозингарон таҷдиди назар гардида истодааст.
Дар навбати худ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва ҳайати ҳамроҳ аз дастовардҳои клуби футболи “Истаравшан”, хоса мухлисони он ибрози андеша карда, ҷиҳати бартараф кардани баъзе аз камбудиҳои мавҷуда ва беҳтар кардани вазъи молиявии клуб пешниҳодҳои хешро манзур намуданд.
Аз ҷумла, оид ба фаъол гардонидани дастаи футзали шаҳр ва таъсиси дастаи духтаронаи футбол дар шаҳри Истаравшан таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар ин самт иқдомҳои роҳбарияти ФФТ оид ба дастгирии ин дастаҳо баён гардид.
Мавриди зикр аст, ки клуби футболи “Истаравшан” дар Лигаи Олии Тоҷикистон баромад намуда, соли 1938 таъсис ёфтааст.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан       

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*