Мулоқот бо соҳибкорон

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан соҳибкорони шаҳр, ки дар самти истеҳсолот, савдо ва хизматрасонӣ фаъолият мебаранд санаи 7 августи соли равон бо гуруҳи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид, ки дар он Муовини якуми Раиси шаҳр Абдусаттор Қодирӣ, муовини сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Пирумшо, номояндаҳои котиботи машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, Фонди дастгирии соҳибкорӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштаанд.

Абдусаттор Қодирӣ, муовини якуми Раиси шаҳр чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, к ибо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасмим гирифта шудааст, ки минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар вазъияти паҳншавии бемории сироятии «Ковид -19» ба соҳибкорон додашуда, барпо намояд.

Зикр гардид, ки вобаста ба вазъи санитарию эпидемиологии ҷаҳон, дар мавриди паҳншавии бемории сироятии “Ковид-19”, дар кишвари мо низ дар самти рушди иқтисодиёт душвориҳо ба вуқӯъ пайваста, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии соҳибкорон якчанд имтиёзҳо роҳандозӣ гардид. Аз ҷумлаи ин дастгириҳо ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 таҳти №1544 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии    “Ковид-19” ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Имрӯз дар доираи Фармони мазкур субъектони соҳибкорӣ имкон пайдо карданд, ки дар самти супоридани андозҳои давлатӣ, иҷорапулии объектҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ имтиёз ё таътил гирифта, вазъи иқтисодии худро муътадил нигоҳ доранд.

Боиси қаноатмандист, ки таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Пешвои муаззами миллат ба рушди иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, имрӯз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба фаъолияти бемайлони худ баргаштанд. Новобаста аз ин, ҳоло муаммоҳо доири баъзе аз самтҳо мавҷуд буда, масъулини соҳаро зарур аст, ки барои баромадан аз вазъияти ба амаломада якҷоя бо сохторҳои дахлдори давлатӣ ва субъектҳои дахлдор корбарӣ намоянд.

Сипас, сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пирумшо Вализода ва дигарон баромад намуда, дар бораи рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ва имтиёзоти пешбинишуда маълумоти муфассал дод.

Зикр гардид, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд якҷо бо сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва щайридавлатӣ минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми истеҳсолкунанда дар кишвар, ҳамаҷониба дастгирӣ намудани истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ташкили марказҳои рушди захираҳои инсонӣ барои хизматрасонӣ ба соҳибкорону сармоягузорон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Зеро бо татбиқи чунин нақшаи амал мо метавонем ба баланд бардоштани саҳми бахши хусусӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таъсиси ҷойҳои кори доимӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ муваффақ гардем.

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*