Мулоқот бо табибон

Санаи 28. 07. дар Беморхонаи марказии шаҳр вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлис Олии ҶТ Умаров Абдуҷаббор Қаҳҳорович аз ҳавзаи интихоботии Истаравшан #23 бо кормандони соҳаи тиб баргузор гардид. Вохурӣ тибқи нақшаи амалии маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025 дар партави муроҷиат ва раҳнамоиҳои Президенти ҶТ дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати шашум аз 17 апрели соли равон баргузор гардид. Дар мулоқот муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода оид ба пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус “COVID-19” баромад намуда ба табибон дастур супоришҳо дод ва миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро барои заҳматҳои шабонарӯзӣ расонида аз табибон изҳори қаноатмандӣ намуд, зеро табибон ҷони хешро дар хатар гузошта шабу рӯз заҳмат кашида истодаанд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*