Мулоқот бо ҷавонон

Дар толори МИҲД-вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода бо ҷавонон дар мавзӯи «Терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем» баргузор гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Амирхон Қурбонзода бо маърӯзаи пурмуҳтаво дар назди ҳозирон баромад намуда зикр намуд, ки солҳои аввали Истиқлолият барои мардуми тоҷик давраи сахту сангин буд. Тоҷикистон бар асари мудохилаи баъзе кишварҳои хориҷӣ ба гирдоби пурталотуми ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ин ҷанг кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт.
Мардуми тоҷик бо заҳматҳои зиёд оқибатҳои ҷангро бартараф карда, имрӯз зери Сарварии Пешвои миллат, зери ливои сулҳу озодӣ зиндагӣ доранд.
Вале имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ Тоҷикистони азизи моро низ зуҳуротҳои номатлуб-мисли терроризиму экстремизм чун вабои аср таҳдид менамояд, ки роҳи ягонаи мубориза ба он муттаҳид ва ҳамфикр будани мардуми меҳнатқарини тоҷик мебошад. Ҳолатҳои даст задани ҷавонон ба ҳар гуна кирдорҳои номатлуб, аз он ҷумла шомилшавӣ ба ҳизбу ҳарактҳои ифротӣ ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ вазифаи муқаддаси насли калонсол мебошад.
Амирхон Қурбонзода аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, дониши худро мукаммал намоянд. Нисбат ба ҳаёти рафиқони худ бетарафӣ зоҳир накунанд, дар вақти истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор бошанд. Бояд дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва раёсати маориф фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ ҷоннок карда шавад, то ки ҷавонон вақтҳои холии худро пурсамар гузаронанд.
Таҷрибаи даҳсолаҳои охир собит месозад, ки танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузург ноил гаштаанд, ки ба ҷавонон таваҷӯҳи бештаре зоҳир намудаанд.
Дар мулоқот ҷавонони фаъол Ёқубова Сарвиноз, Абдуллоев Меъроҷ, Маҳкамов Ҷаҳонгир, Асоев Ҳусниддин, Нуруллоев Умедҷон, Аскар Ҳотамзода фикру андеша ва пешниҳодҳои судманди худро баён карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ба як қатор ҷавонони фаъоли шаҳр сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии раиси шаҳри Истаравшан тақдим гардид

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*