Мулоқот оид пешгирии паҳншавии мавҷи дуввуми COVID-19

27.08.2020 дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан дар толори МИҲД- и шаҳри Истаравшан мулоқоти судманд оиди иштироки аъзоёни ФИҶТ дар маъракаи сиёсии интихоботи президентӣ ташкил карда шуд.
Дар ҷамъомад муовини раиси шаҳр Наимҷонзода Нигора, муовини сардори ШВКД дар шаҳр Ҷамшед Саидмуродхоҷа , корманди КДАМ ҶТ дар шаҳр Алишер Ғозиев , мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ҳотамзода Аскар , аъзоёни созмони ҷавонони ҲХДТ дар шаҳр, варзишгарони клуб ва федератсияҳои варзишӣ, кормандони муассисаҳои таълимии шаҳр ва дигар аъзоёни ФИҶТ шаҳри Истаравшан иштирок доштаанд.

Муовини раиси шаҳр Наимҷонзода Нигора оиди масъалаҳои мубрами рӯз – пешгирии паҳншавии мавҷи дуввуми COVID-19 сухан ронда, ба иштирок ва фаъолнокии аъзоёни ФИҶТ баҳои баланд дод.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан Ҳотамзода Аскар оиди вазифаҳои минбаъдаи намояндагиҳои ФИҶТ дар татбиқи сиёсати ҷавонон дар маҳал баромад намуда, пешгирии ҷинояткорӣ байни ҷавонон, ҳиссаи аъзоёни ташкилот дар таъмини амният ва тарбияи насли наврасро дар рӯҳияи ватанпарастӣ як қатор дастурҳоро пешкаш намуд .
Дар рафти маҷлис аз ҳисоби аъзоёни ташкилот гурӯҳи ихтиёрон таъсис дода шуда, баҳри ҷалби корҳои ҷамъиятӣ дар раванди муборизаи шадиди зидди касалиҳои сироятӣ маслиҳатҳо дода шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*