Мумфаршкунии кӯчаҳои Истаравшан

Шоистаи таҳсину ифтихор аст, ки бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри гулгулшукуфоии диёрамон мунтазам чораҳо андешида шуда истодаанд.  Таи 28 соли истиыолият роҳҳои кӯчаву хиёбонҳо обод гашта, имрӯзҳо дар ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо корҳои ободониву созандагц бо маром рафта истодаанд.

Дар кумитаи маҳаллаи «Боғот» 500 метр роҳи кӯчаи Аҳмадҷон Шаропов мумфарш карда шуд. Дар корҳои ободонц саҳми соҳибкорони маҳалла Раҳимов Раҳматуллоҳ, Ҳабибуллоев Ҳамидуллоҳ, Расулов Фаррух, Шукуров Мурод, Ҷӯраев Муним ва Сиддиыов Убайдулло хеле калон мебошад. Гуфта шуд, ки барои асфалтпӯш намудани ин кӯча наздики 100,000 сомонц аз ҷониби соҳибкорон харҷ шудааст. Ногуфта намонад, ки дар моҳи сипаригашта як ыисми кӯчаи «Бахт»-и кумитаи маҳаллаи «Боғот» низ асфалтпӯш гардида дар кӯчаи Ҳусниддин Ғиёсов  хатти канализатсия низ пайваст гардидааст.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*