МУРОҶИАТИ ЗИЁИЁНИ ИСТАРАВШАН БА МАРДУМИ САРБАЛАНДИ ВМКБ

МУРОҶИАТИ ЗИЁИЁНИ ИСТАРАВШАН БА МАРДУМИ САРБАЛАНДИ ВМКБ

Ҳамватанони азиз, бошандагони Боми Ҷаҳон – Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон!
Сараввал салому паёми аҳли зиёи шаҳри бостонии Истаравшанро ба Шумо, мардуми бонангу номуси Бадахшон мерасонем.
Мо аз он меболем, ки сокинони Бадахшон таърихан мардуми фарҳангию маорифпарвар буда,Тоҷикистони офтобрўя бо зиёиёни номдору машҳури ин сарзамини сар ба фалакдошта ифтихор доранд.
Ба ҳамаи Шумо, ҳамватанони гиромӣ маълум аст, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чӣ гуна ба даст омад ва тўли 30 сол барои таъмини тинҷию амонӣ ва расидан ба даврони озоду ободи имрўза миллати тоҷик чӣ рўзҳоро паси сар кард, ки дар он саҳми сокинони Бадахшон назаррасанд.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ Кўҳистони Бадахшон ҳамчун як гўшаи Тоҷикистони офтобрўя аз як маҳалли дурдасту дар мавсими сармо ба пойтахт дастнорас ба як макони зебоманзару обод ва на танҳо пайваст бо тамоми гўшаю канори Тоҷикистон, балки ба “Дарвозаи тиллоӣ”-и он табдил ёфт.
Ҳодисаҳои ду-се рўзи охире, ки дар маркази Бадахшон – шаҳри Хоруғ идома дорад, мо мардуми шаҳри Истаравшан, аз ҷумла аҳли зиёи ин сарзамини таърихиро низ ба изтироб овардааст.
Бояд зикр кард, ки ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҳамаи давру замон зуҳур дошт ва гунаҳкор бояд тибқи Қонун ҷазои сазовор гирад.
Ҳар шахси солимфикру адолатпараст золиму мазлумро фарқ карда тавонад ва барои пойдории тинҷию амонӣ кўшиш карда, бояд муқобили ҷинояту ҷинояткорӣ мубориза барад.
Набояд дар симои ҷинояткор чеҳрасозӣ карду дар партави фитнаю ғаразҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохилию беруна сарзамини орому осоиштаро боз ба майдони ихтилофҳо кашид.
Хуб мебуд бо арҷгузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии кишвар аз пайи тарбияи неки фарзандон машғул шуд, то ки фарзандон хуб тарбия ёфта, амали ношоиста накунанд, ба ҷинояту ҷинояткорӣ даст назананд, ватандусту созанда ба воя расанд ва барои ояндаи ободонии Ватани хеш, аз ҷумла Бадахшон хизмат кунанд.
Мо ба иродаи мардуми Бадахшон эътимод дорем ва хоҳони сарҷамъии кулли ҳамдиёрон ҳастем.

Бо эҳтиром,

аҳли зиёи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*