НАВРАСОНИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ГАРДИДАНД.

НАВРАСОНИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ГАРДИДАНД.
Дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи байналхалқӣ “MINORAI-CALON CUP” байни наврасони соли таваллудашон 2008 доир гардид, ки дар он футболбозони навраси шаҳри Истаравшан таҳти роҳбарии муррабии шоистаи Тоҷикистон Асрор Шораҷабов ғолиб гаштанд.
Дар бозии ниманиҳои дастаи “Андиҷон”-ро бо ҳисоби 4:3 шикаст дода ба бозии ниҳои роҳхат гирифтанд.
Дар бозии ҳалкунанда дастпарварони шаҳри Истаравшан тавонистанд бар дастаи Академияи футболи Хоразм бо ҳисоби 5:4 пас аз задани зарбаҳои ҷаримавӣ пируз гардида соҳиби Ҷоми мусобиқа гардиданд.
  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*