НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2022 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар асоси нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 8 апрели соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, роҳбари гурўҳи кории Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашўрзода Абдулҳафиз, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисон, котибон ва нозирони мизи бақайдгирии ҳарбии ҷамоатҳои деҳот, директорони муассисаҳои таълимии шаҳр, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, директорони бонкҳо ва дигар шахсони масъул ҷаласаи фаъолони шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа як масъала, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2022 баррасӣ гардид.

Роҷеъ ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2022 муовини раиси шаҳри Истаравшан Солизода Ёқуб ҳисобот дода, зикр дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, ҳамзамон роҳнамоии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода равона намуда, ба як қатор пешравиҳои назаррас ноил гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра роҳбарияти шаҳр таваҷҷӯҳи асосии худро ба рушди соҳаи саноати шаҳр, ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ равона намуд.

Дар баррасӣ ва музокираи масъалаҳо вобаста ба камбудиву норасогиҳо, мушкилоти мавҷуда ва нишондодҳое, ки аз рӯи дурнамо иҷро нагардиданд, аз муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар масъулини соҳаҳои дахлдор пурсиш гузаронида шуда, фаъолияти ҳамаи самтҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд ва муовинони раиси шаҳр – сарпарастони соҳа, шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, нозироти андоз, раёсати молия, бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳр вазифадор гардиданд, ҷиҳати рушди соҳаи саноат дар шаҳр, барқарорсозии корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорон ва саривақт ва босифат ҷамъоварӣ намудани андоз аз ҳамаи восита, имконият ва захираҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Ҳамзамон, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар дар баромади хеш нишондиҳандаҳои асосии хоҷагии халқи шаҳрро таҳлил намуда, вобаста ба бартараф кардани мушкилот ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ибрози андеша намуд ва таъкид ба амал овард, ки дар фаъолияти минбъада ҳамаи кӯшишу ғайрат ба бартараф намудани камбудиҳо равона карда шаванд.

Раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода Абдулҳафиз иброз дошт, ки маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр рӯ ба афзоиш оварда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар шаҳр густариши тоза пайдо намуд ва рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид.

Дар охир раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода ҷаласаро ҷамъбаст карда, барои фаъолияти босамари минбаъда дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*