НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БАРГУЗОР ГАРДИД

7 феврали соли 2022 дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП – 1729 “Дар бораи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомотҳои давлатӣ” ва нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 28 январи соли 2022 нишасти матбуотии раиси шаҳри Истаравшан Маъмурзода Адҳам Маъмур баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода, намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои марбута ширкат варзиданд.
Сараввал раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода нишасти матбуотиро ҳусни оғоз бахшида, доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Истаравшан дар соли 2021 маълумоти мушаххас пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд рушди бомайлони иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Истаравшан дар соли 2021 таъмин гардид.
Аз чумла, қисми даромади буҷети шаҳр бо назардошти андози иҷтимоӣ 104,5 фоиз таъмин гашт ва дар натиҷа 256 млн. 450,6 хазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид, ки ин нисбат ба нақша 10 млн. 935,6 ҳаз. сомонӣ зиёд мебошад. Мутаассифона, дар давраи ҳисоботӣ як намуди андоз, яъне андоз аз фоида 78,4 фоиз таъмин гардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 7 млн. 43,1 ҳазор сомонӣ ворид нашуд.
Иҷрои буҷети маҳаллӣ бошад, 103,3 фоиз иҷро шуда, 137 млн. 648,2 ҳазор сомонӣ ба буҷети махаллӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 4 млн. 349,2 ҳазор сомони зиëд мебошад. Бақияпулиҳои андоз ба ҳолати 1 январи соли 2021 9 млн 298,4 ҳазор сомониро ташкил дода, дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 1 млн. 46,5 ҳазор сомонӣ кам карда шуд, ки 11,2 фоизро дарбар мегирад. Ҷиҳати тақвияти буҷети маҳаллӣ дар соли 2021 теъдоди субъекти соҳибкорӣ дар ҳудуди шаҳр бақайдгирифташуда, дар маҷмуъ ба 14033 адад расид, ки нисбат ба соли 2020 844 субъект зиёд мебошад.
Саҳми соҳибкорон ба буҷети давлатӣ дар соли 2021 бо 17 фоиз рост омад, яьне ба маблағи 43 млн 559 ҳазор сомонӣ ҳиссагузорӣ намуданд, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 2 млн 493 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Истаравшан барои солҳои 2021-2025 дар соли 2021 ба 108 млн. 443 ҳазор сомониро дарбар гирифта, 18,1 фоизро ташкил дод. Барнома аз 180 лоиҳаҳои афзалиятнок иборат буда, ба маблағи 599,45 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти шаҳр ин ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Таҳлилҳо собит намуданд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 4158 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, 1700 ҷои корӣ барҳам ё ихтисор карда шудааст.
Мардуми Истаравшани бостонӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ободкориву созандагӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, рушду тараққиёти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, таҳким бахшидани иқтисодиëти шаҳр кӯшишу ғайрати хешро равона хоҳанд кард.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ тибқи регламенти қабулгардида, ки тӯли 60 дақиқа муайян шуда буд, аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма аз ҷумла муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимии шаҳр бо системаи ягонаи гармидиҳӣ, таъсиси боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳо, кишти картошкаи барвақтӣ, зиёд намудани ҳаҷми пиллапарварӣ дар шаҳр, қадрдонии ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ, аёдати иштирокчиёни сохти конститутсионӣ, вазъи роҳи назди бозори марказӣ, кор бо муроҷиати шаҳрвандон, маданияти шаҳрдорӣ, тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати тозаву озода нигаҳ доштани ҳудуди шаҳр, иштироки корхонаҳои муштарак дар ободонӣ ва бунёдкорӣ, вазъи саноати шаҳр, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои омӯзгорон ва кормандони соҳаи тибби шаҳр, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ба монанди ин посухҳои қонеъкунанда дода шуд.
Дар ҷамъбасти нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба намояндагони васоити ахбори омма барои ҳамкориҳои судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, тарғиби арзишҳои миллӣ, инъикоси дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ва дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат миннатдории хешро изҳор намуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*